МИЛИТСИЯ ДАР ХИЗМАТИ САЙЁҲОН. Дар назди Шуъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ шуъбачаи нави милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шуд

Август 1, 2018 14:08

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Вобаста ба ин дирӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита   Нуъмон Абдуғафорзода,   сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳии мамлакат ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҶТ А. Ализода оид ба вазифаҳои шуъбачаи навтаъсиси милитсияи сайёҳӣ ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбат ба  сайёҳон муфассал маълумот дод.

Зикр гардид, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.

Роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ  аз  таъсиси сохтори нав дар назди мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳод бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин сохтор (политсияи сайёҳӣ) дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои пешрафтаи  дунё фаъолият мекунад.

Август 1, 2018 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид