МУБОРАК БОД! Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 барандаи медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш, варзишгари маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни то 81 кило ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби медали нуқра гардид. Ин дуюмин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо мебошад.
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола дар мусобиқаи гуштини кураш дар вазни то 81 кило, ки имрӯз, 29-уми август, дар пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта – баргузор шуд, дар қувваозмоии аввали худ бар Мӯсо Собиров аз Ӯзбакистон ғолиб омад.
Сипас, дар чорякфинал намояндаи Тайбэйи Чин Ҳуанг Чунтаро мағлуб кард. Беҳрӯз дар даври ниманиҳоӣ бар Тазтак Умеди эронӣ дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Алиакбари Илёси 30-солаи эронӣ мағлуб гашт. Ба ин тартиб, паҳлавони эронӣ медали тилло ва паҳлавони тоҷик медали нуқраро ба даст овард.
Вале паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал бар рақибонаш аз Ветнам ва Сурия дастболо шуд, дар чорякфинал аз Сарвар Шомуродови ӯзбекистонӣ мағлуб гашт.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-2016 аввалини медали нуқраро аз намуди гурзпартоӣ дар Бозиҳои Осиё-2018 бадаст оварда буд.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






