Паёми ҳамдардии намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони «Пайванд» дар вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Август 1, 2018 15:13

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз номи намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба АМИТ «Ховар» нома расид, ки дар он амали куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби наҳзатиён маҳкум карда шудааст.

Ҳодисаи хунини рӯзҳои гузашта дар Тоҷикистон, ки мунҷар ба кушта шудани чаҳор сайёҳи хориҷӣ гардид, қалбҳоро доғдору дидаҳоро гирён намуд ва нишон дод, ки терроризм марз намешиносад.

Имкони такрори ин ҳодисаи дилхарош, ки солҳост аз мардуми мо қурбонӣ мегирад, дар ақсову нуқоти ҷаҳон ҳам вуҷуд дорад.  Амнияти мавҷуд дар кишвари дӯсти Тоҷикистон, ки бароянди мудирияти хирадмандонаи Ҳукумат ва мардуми некбини ин кишвар дар раъси Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раиси муҳтарами Ҷумҳури Тоҷикистон аст, ин кишварро дар меъроҷи таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дода ва намунани хубе барои кишварҳои даргири ҷанг, гирифтори буҳронҳо ва ноамнӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки афзун бар доштани муносибати нек ва писандида бо ҳамсояҳо, фарҳанги олӣ, мардуми равшанзамир,  ҷуғрофиёи дилангезу диданӣ ва бистари хубе барои рушди санъати ҷаҳонгардӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Душманони сулҳу амнияти мардум,  вазъияти мавҷуд ва матлуби инсониро натавонистанд, ки таҳаммул кунанд ва саранҷом бо анҷом додани амали террористӣ дар 80 км шаҳри Душанбе хостанд, ки амнияти мардумро барҳам бизананд ва бо эҷоди раъб (тарс) ва ваҳшат гӯё ин кишварро дар анзори дигарон нигаронкунанда ҷилва диҳанд. Аммо мудирият, таваҷҷуҳ ва талоши ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ки ба боздошти ин  гурӯҳи террористӣ анҷом гардид, умедҳои ин гурӯҳро ба яъс бадал намуда ва умедвориҳои мардумро нисбат ба тавонмандии нерӯҳои амниятӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш додааст.

Аз он ҷое, ки кишвари дӯсти Тоҷикистон ба амнияти Афғонистон ҳусни назари нек дорад ва пайваста талошҳоро ба ҳадафи таъмини амният дар ин кишвар анҷом додааст, мо мардуми Афғонистон зимни изҳори сипос ва қадрдонӣ аз талошҳои хайрхоҳонаи кишвари дӯсти Тоҷикистон ва накӯҳиши ин амали ваҳшиёнаи терористӣ, худро дар ин андӯҳ шарик медонем.

Мо бовар дорем, ки Ҳукумати ботадбири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ иҷоза намедиҳад, то бо эҷоди ваҳшат хоби мардумро бирабоянд ва зиндагии ононро мухтал намоянд.

Ҳамон гуна, ки мақомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, ки амнияти Афғонистон бар Тоҷикистон таъсир дорад, мо ҳам бар ин бовар ҳастем, ки ба вуҷуд омадани кӯчактарин ноамнӣ дар ин кишвар бар вазъияти амниятӣ ва печидагии буҳрони Афғонистон таъсир дошта ва дар барқарории иртиботи дӯстонаи мо  асари манфӣ мегузорад.

Биноан, зимни изҳори ҳамдардӣ ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон мехоҳем, ки аз талошҳои Ҳукумат ва нерӯҳои амниятии ин кишвар дар самти маҳор кардани ноамнӣ ва боздошти террористҳо, изҳори сипосу имтинон менамоем ва худро дар канори мардуми Тоҷикистон медонем.

 

Бо изҳори ғамшарикӣ,
Сайфиддин 
СОИС,
раиси намояндагии Анҷумани тоҷикон
ва форсизабонони “Пайванд”
дар вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бағлон
ва Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

01.08.2018с.

Август 1, 2018 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид