Театри лӯхтаки «Афсона» -и Хатлон бори аввал дар Фестивали «Чодари хаёл» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» -и вилояти Хатлон бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аҳли эҷоди театри мазкур алҳол намоишномаи тарбиявии «Подоши амал»-ро аз рӯи асари Абдураҳим Абдураҳмонов тамрин карда, маводи саҳнавӣ ва лӯхтакҳоро таҳия менамоянд.
«Ҳунармандони театри мазкур аз иштирок дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл», ки ҳунармандони зиёдро аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳам меорад, изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг онро тадбири беҳтарин арзёбӣ намуданд»,-зикр кард манбаъ.
Боиси зикр аст, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба доир гардида, дар он театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишномаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар оғози соли 2018 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба фаъолият шурӯъ намуд.








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






