Вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст

Август 28, 2018 13:21

ФАРХОР, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ду сокини  ноҳияи Фархор Ҳамрохон Саидов аз деҳаи   1-уми майи  ҷамоати 20 -солагии  Истиқлолият  ва Давлат Сангинов  аз  деҳаи Марғзори  ҷамоати Ғалабаи ноҳия, ки 26 августи соли равон дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи афғон дар наздикии марз ба ҳалокат расиданд, 27 август  дар зодгоҳашон ба хок супорида шуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Хол аз ноҳияи Фархор хабар дод, дар  маросими дафни ин нафарон раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода,  кормандони  ҳифзи ҳуқуқ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия ба хонаводаҳои қурбоншудагон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, зикр кард, ки «азбаски ноҳияи Фархор дар наздикии сарҳад ҷойгир аст, гоҳ –гоҳе қочоқчиёни афғон ба хотири маводи мухаддир ва рабудани чорво сарҳадро убур карда, вазъро ноором месозанд. Мо шоҳиди чандин ҳодисаҳои ба ҳамин монанд гардидаем, ки дар муҳлати кутоҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бартараф карда мешаванд. Ҳоло вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти ин гурӯҳи мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд».

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба оилаҳои қурбоншудагон кумаки моддӣ расонида шуд.

Як сокини ноҳия Санавбар Шарифова гуфт: «Солҳост, ки дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ умр ба сар мебарем. Борҳо садои тиру туфанги давлати  ба мо  ҳамсоя-Афғонистонро мешунавем. Вале ба Ҳукумату давлати Тоҷикистон ва сарҳадбонон боварӣ дорем, ки сокинони ин минтақаро аз ҳар гуна хатар  нигоҳ медоранд. Имрӯзҳо ҳамкории сарҳадбонон бо аҳолӣ хело тақвият ёфтааст ва боварӣ дорем, ки ин гурӯҳи силоҳбадасти афғон дар муҳлати кутоҳ ба даст меафтанд».

Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли равон тахминан соати 15 дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки марзи ноҳияи Фархор бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10-12 нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои оташфишони АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  ҳамла намуда, онҳоро зери оташ қарор медиҳанд.

Дар натиҷаи ҳамла ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор менамояд.

Август 28, 2018 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд