Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода: «Ифтитоҳи қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба- Амузанг» ба беҳтар гардондани сатҳи зиндагии арзанда заминаи воқеӣ мегузорад»,-ба рӯзи роҳиоҳанчиён бахшида мешавад

Август 17, 2018 11:36

«Пешравии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба тараққиёти соҳаи роҳсозӣ, махсусан, роҳи оҳан алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки роҳи оҳанро «Шоҳраги хунгузар»-и мамлакат меноманд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 17.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик ба самти шаҳрҳои  Ӯзбекистон, ки иртиботи роҳи оҳан вуҷуд дорад, хатсайрҳои навро ба роҳ монад. Ин матлабро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр ХУДОЁРЗОДА дар арафаи Иди касбии роҳиоҳанчиён, ки ҳамасола 17 август таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд. Ба иттилои Вазир, айни ҳол дар ин самт омӯзишу таҳлилҳо ва хулосабарориҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки таърихи навини соҳаи роҳи оҳан аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон шурӯъ шудааст. Бо Қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистон 17 августи соли 1994 дар заминаи шуъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки ин дар таърихи роҳи оҳани кишвар саҳифаи нав аст.

Ба нақли Вазири нақлиёти кишвар, таърихи навини Роҳи оҳани Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғоз ёфт. «Дар ин марҳила давлати ҷавони тоҷикон гирифтори бӯҳрони сангину шадиди иқтисодиву сиёсӣ гашта буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки роҷеъ ба бунёди хатти  оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб  қарор ба тасвиб расонанд. Ҳамин тариқ, сохтмон оғоз шуду 7 сентябри соли 1998  Сардори давлат дар ҳалқаи роҳиоҳанчиён ва аҳли ҷамоатчигӣ марҳилаи якуми ин роҳи оҳанро ифтитоҳ намуданд, ки дар ҳаёти миллати тоҷик ҳодисаи фараҳбахш ва хотирмон мебошад»,-илова намуд ӯ.

Зикр гардид, ки марҳилаи дуввуми он бошад, 1 сентябри соли 1999 ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар масири он чандин иншооти сунъӣ, пулҳои хурду миёна ва 5 пули калон сохта шуданд. Минбаъд даҳҳо иншооти техникиву мулкӣ  бунёду таъмиру эҳё гаштанд, ки ҷиҳати беҳбуди шароити зисту фаъолияти мардум мавриди баҳрабардорӣ карор доранд.

Яке аз падидаҳои беҳтарини солҳои охирро Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа –Кӯлоб номид, ки он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва хотирмон ифтитоҳ шуд.

«Рӯйдоди дигари муҳим ифтитоҳи қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба- Амузанг» мебошад, ки  бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 марти соли равон мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳаракати қатораҳо дар ин гузаргоҳи байнидавлатӣ ва рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандони ҳар ду кишвар, тақвияти равобити тиҷоративу фарҳангӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, босамар истифода бурдани заминҳои ҳар ду ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ, ба беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии ободу арзанда заминаи воқеӣ хоҳад гузошт»,-чунин иброз намуд Вазири нақлиёт.

Бино ба маълумоти Вазир, алҳол ин соҳа дар ҳоли тараққиву густариш аст. Ба хотири таҳияву амалӣ намудани нақшаи тадбирҳо роҷеъ ба беҳбуди сатҳи хидматрасонӣ ва самарабахшии меҳнат, роҳандозӣ намудани технологияи пешрафтаи муосир ва таҷрибаи нави идоракунӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалҳои шоиставу назаррас ба анҷом расиданд ва ин корҳои беҳтарсозӣ идома доранд.

Зикр шуд, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ ва ҷалби бештари соҳибкорону шаҳрвандон «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мунтазам сабукиҳо пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, барои кашондани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30 то 50 фоиз сабукӣ дода шудааст. Дар баробари ин ҷиҳати  афзудани содироти маҳсулоти ватанӣ ба Ӯзбекистон ва воридоти маҳсулот аз он ҷо ба Тоҷикистон дар доираи Протоколи Комиссияи байниҳукуматӣ барои интиқоли борҳо коэффитсиентҳои баландкунанда бекор карда шуданд.

Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба солимгардонии вазъи молиявии Ширкати алюминийи тоҷик барои кашонидани алюминий 60% ва барои гилхок 10 % сабукӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин барои интиқоли семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг аз 40 то 50 фоиз, барои кашондани пиёз аз ҳама истгоҳҳои Хатлон то Амузанг 60%, аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Қудуқлӣ 30%-50% сабукӣ пешниҳод шудааст. Чунин сабукиҳо ба соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ, ки тавассути гузаргоҳи Амузанг ба Хатлон борҳоро интиқол медиҳанд, дода мешаванд.

Дар минтақаи Суғд ҳам ҷиҳати содироти борҳо ба самти истгоҳи Истиқлол 20%, аз истгоҳи Хуҷанд ба истгоҳи Бекобод 30% ва аз истгоҳҳои Спитамену Ҷаббор Расулов ба Бекобод 40 % тахфиф дода шудааст, ки ҳамаи ин иқдомҳо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум роҳандозӣ шудааст.

Мусоидати ҳамин тадбирҳо ва корҳои амалии роҳиоҳанчиён буд, ки дар нимсола аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 969 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуда, 70 544 тоннаро ташкил дод.

«Бояд гуфт, ки чунин сабукиҳо дар самти мусофирбарӣ низ пешниҳод мешаванд. Яъне аз ибтидои сол «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ин мақсад 30 дар сад сабукӣ дода истодааст. Илова ба ин, ба мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, вобаста аз муҳлати харидашон аз 35 то 45 фоиз сабукӣ дода мешавад. Ин сабукӣ дар қатораҳои Душанбе- Кӯлоб ва Душанбе-Хушодӣ 60% -ро ташкил медиҳад»,-изҳор намуд Вазири нақлиёти кишвар .

Ба иттилои Х. Худоёрзода, баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 937 вагони нави боркашу мусофирбар, аз ҷумла, 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, 7 тепловоз ва 2 вагон – тарабхона харида шудаанд ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик боз вагонҳои муосир ба ҷумҳури ворид карда шавад. Яъне ҳамагӣ парки вагонҳо аз 2070 вагони боркаш, 441 вагони мусофирбар ва 53 локомотив иборат аст.

Вазири нақлиёт мегӯяд, ки «сайёҳӣ яке аз ҷодаҳои муаррифии кишвари мо, аз ҷумла, табиату иқлими нотакрор ва анъаноти миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола шумораи сайёҳон, алалхусус ҷаҳонгардони хориҷӣ меафзояд. Яъне ҳусни таваҷҷуҳи онҳо ба Тоҷикистони биҳиштфом зиёд мегардад ва дар ин самт соҳаҳои марбута бояд дар рушди сайёҳӣ корҳои муҳимро анҷом бидиҳанд».

Дар робита ба ин «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ ба хотири равнақи сайёҳӣ нақшаву барномаҳоро таҳия карда, ташвиқу тарғиби он дар вагонҳову вокзалу истгоҳҳо роҳандозӣ шудаанд. Ҳамчунин Корхонаи  воҳиди «Мусофирбарӣ» дар хатсайри  Душанбе- Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ба хонандагони як қатор макотиб, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва кормандони идораҳо хидматрасонӣ намуд. Ҳамаи ин мусофирон бо вагонҳои дар самти байналмилалӣ хидматкунанда аз баъзе манотиқи вилояти Хатлон ва коргоҳҳои саноатӣ дидан намуданд. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

«Сардори давлатамон аз ибтидои сарвариашон ба ҳама самтҳои ҳаёти кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамагонро ба корҳои бунёдгузориву ободсозӣ ҳидоят карданд ва худашон намунаи ибрати созандагиҳо шуданд. «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ дар коргоҳҳои дигар бо дастуру кумак ва ҳидоятҳои Пешвои миллат як қатор амалҳои ободкориро анҷом дод ва ин корҳо идома доранд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру эҳёи пул дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – «Наврӯзгоҳ», пул дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, навсозиву хуррамгардонии гулгаштҳо аз назди пайкараи Айнӣ истгоҳ, таъмиру бозсозии пули нави истгоҳи роҳи оҳан, хуррамгардонии қисмати ғарбии хиёбони устод Рӯдакӣ, назди Бӯстонсарой ва ғайраҳо аз корҳое мебошанд, ки вақтҳои охир анҷом дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, иҷрои як зумра нақшаву тадбирҳо дар дурнамои фаъолияти соҳа дар назар аст ва бо итминон метавон гуфт, ки роҳиоҳанчиёни кишвар сарбаландона аз иҷрои ҳама уҳдадориҳо бо сарфарозӣ ва эҳсосу ҳуввияти ватандорӣ хоҳанд баромад.

Аз фурсат истифода бурда, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода тамоми кормандони соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистонро ба иди касбиашон табрик намуда, дар ҷодаи рушду тавсеаи роҳи оҳан ва дар маҷмӯъ шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон пирӯзиву барор ва комёбиҳо таманно намуд.

Август 17, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд