23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад
ХУҶАНД, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки зимни баргузории барнома ба 40 нафар занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шаванд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар рӯзи таҷлили шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории барномаҳои асосӣ хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба маърази иштирокдорону сокинони шаҳр пешкаш мегардад.
Дар ин рӯз ҳамзамон ба чанд нафар пешқадамону фаъолони соҳаҳои мухталиф унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» супорида мешавад.
Барномаи калони рангини консертӣ бо иштироки санъаткорони маркази вилоят ва пойтахти кишвар низ дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилояти Суғд бори чорум Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






