27-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАМОМИ ШАҲРУ НАВОҲИИ МАМЛАКАТ БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД. Дар тантанаҳои идона дар шаҳри Ҳисор муовини Сарвазир Азим Иброҳим ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо шукуҳи хоса ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар тадбирҳои идона дар шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ширкат намуд.
Азим Иброҳим номаи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи сокинони шаҳри Ҳисор расонд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар суханронии худ мардуми шаҳрро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд ва баъдан барномаи консертии аҳли ҳунари шаҳр манзури тамошобинон гардонида шуд.
Дар чорчӯби тадбирҳои идона дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии иншооти варзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва фаъолони ҷамоат ширкат намуданд. Дар назди майдончаҳои варзишӣ сартарошхона, нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи либосовезӣ, ҳаммом, як корти тенниси рӯйимизӣ ва се корти саққобозӣ мавҷуд аст. Муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим ба сатҳи корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, зикр намуд, ки иншооти мазкур ба наврасону сокинони деҳаи Мортеппа дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолият туҳфаи арзанда мебошад.










«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






