Қадамҳои устувори Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба модели индустриалӣ-аграрӣ самараи Истиқлолияти давлатист
ДУШАНБЕ, 05.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар остонаи яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ -27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мегардад, қарор дорад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навини кишварро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошт. То ҷое мусаллам аст, дурнамои рушди Тоҷикистон дар заминаи таҳким ва таъмини истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа тарҳрезӣ ва бунёд гардидааст. Дар ин росто, самти асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат бунёд ва таҳкими ҷомеаи пешрафту шукуфо ва аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот аст. Дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба кадом дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ мушарраф гардид? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА ба муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин ҶӮРАЗОДА муроҷиат намуд.
АМИТ «Ховар»: Лутфан мегуфтед, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти соҳаҳои афзалиятноки он кадом барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба тадриҷ ва муттассил идома меёбанд. Самтҳои афзалиятноки рушд, назири таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул дар доираи Стратегияи дарозмуддати комилан нави рушди миллӣ дар амал татбиқ шуда истодаанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои миллии худро дар асоси принсипҳои ҳамшарикӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ татбиқ менамояд ва пайваста барои устувор гардидани муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ дар саросари кишвар ва арсаи байналмилалӣ талош дорад. Дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ 7,7 маротиба ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи як корманд нисбат ба соли 2000-ум 74 маротиба афзоиш ёфт.
АМИТ «Ховар»: Мушарраф гардидани Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ то чӣ андоза ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мусоидат намуд?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Воқеъан ба суботи макроиқтисодӣ муваффақ гардидани кишварамон имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 29,5 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёбад ва пешбинӣ мешавад, ки то соли 2020 ин нишондиҳанда ба 20 фоиз расонида шавад. Ҳамзамон соли 2017 ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000 беш аз 77 маротиба афзудааст. Инчунин бо таъсиси корхонаҳои нав, барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзуда, соли гузашта истеҳсоли молу маҳсулот ба 20 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин омор нисбат ба солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ 4,9 маротиба зиёд аст. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ 2005 ададро ташкил медиҳад, ки он дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 676 адад зиёд аст. Бахши саноати кишвар гуногунҷабҳа буда, бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, зиёда аз 90 самти истеҳсолот ва беш аз 140 навъи маҳсулотро муаррифӣ менамояд. Солҳои охир соҳаи истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабук, кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ ба таври назаррас рушд ёфта истодаанд.
АМИТ «Ховар»: Барои гузашатан аз модели аграрӣ -индустриалӣ ба модели индустриалӣ- аграрӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳадафҳои муайяннамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди /БМР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 муайян гардидааст, ки саҳми соҳаи саноат дар ММД зиёд гардида, сохтори содирот аз ашёи хом ба содироти молу маҳсулот табдил меёбад. Феълан, таҳлили ду соли татбиқи БМР нишон дод, ки барои гузаштан аз модели аграрию индустралӣ ба индустралию аграрӣ заминаи воқеӣ ва устувор фароҳам оварда мешавад. Татбиқи Барнома имкон дод, ки рушди ҳиссаи саноат дар ММД ба 17 фоиз баробар гардад, ки ин нисбат ба соли 2016 ба андозаи 1,9 банди фоизӣ ва дар қиёс ба нишондиҳандаи нақшаи чашмдошти барнома чор банди фоизӣ зиёд шудааст, ки дар сохтори ММД саҳми соҳаи саноат хеле назаррас аст.
АМИТ «Ховар»: Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунанда дар кадом сатҳ татбиқ гардида истодааст?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсолоти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда бо коркарди амиқи он имкон дод, ки бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқа, масолеҳи сохтмонӣ, либоси бачагона ва ғайра дар сатҳи зарурӣ таъмин шуда, воридоти онҳо аз хориҷи кишвар кам гардад. Бо мақсади тақвияти рушди содирот «Барномаи рушди содирот барои давраи то соли 2015» амалӣ карда шуд. Барои ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда аз тарафи Ҳукумати кишвар «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» таҳия гаштааст, ки дар он 20 номгӯй молу маҳсулоти самтҳои ояндадори истеҳсолот интихоб шудаанд. Баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, афзоиши ҳаҷми содироти ғайри ашёи хом ва кам кардани молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дар ҳаҷми умумии воридот тадбирҳои асосӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунандаянд.
АМИТ «Ховар»: Ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат чӣ самара дод?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои муваффақ гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузург роҳандозӣ намуд. Мо тавонистем комилан бо неруи барқ таъмин гардем, дигар аҳолии мамлакат аз маҳдудияти мавсимии неруи барқ танқисӣ намекашанд. Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ сол то сол соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ рушд ёфта, дар ин давра бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши энергетика амалӣ гардида, барои рушди соҳа 21 млрд. доллар равона гардидааст.
Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон бо ёрию дастгирии сармоягузорони хориҷиву ватанӣ иншооти бузурги гидроэнергетикӣ — НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», марказҳои барқи гармидиҳӣ, НБО-ҳои хурд, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шудаанд. Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» аз ҳамин қабил аст. Сохтмони НБО «Роғун», ки бо талошҳои Пешвои миллат бо суръати баланд идома дорад, истиқлолияти энергетикии кишварро муқтадир гардонида, боиси бунёди зерсохтори зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус таъсиси ҷойҳои корӣ гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба яке аз минтақаҳои транзитӣ ва кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон аст. Назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Барои раҳоӣ ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рӯ овардан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 44 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 млрд. доллар амалӣ карда шудаанд, ки дар натиҷа 2000 км роҳҳои мошингард сохтмону таҷдид ва барқарорсозӣ гардида, беш аз 200 пул, 6 пули дорои аҳамияти байналмилалӣ, 31 км нақб, 4258 метр долонҳои зиддитармавӣ, 173,2 км хати роҳи оҳан, 8 терминали хизматрасонии нақлиёти байналмилалии автомобилӣ, ду терминали замонавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки якеаш боркашонӣ аст, ба истифода дода шуданд.
АМИТ «Ховар»: Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 махсус зикр шудааст. Дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Тоҷиддин Ҷӯразода: Барои гузариш ба суръати баландтари шуғл саъю талошҳо заруранд, ки ба ташаккули шумораи бештари ҷойҳои корӣ дар кишвар равона гардидаанд. То соли 2020 ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойи кори пурмаҳсули иловагӣ бояд дар ҷумҳурӣ таъсис дод. Ҳиссаи захираҳои меҳнатӣ дар шумораи умумии аҳолӣ афзуда истодааст, ки тибқи арзёбии дурнамо он то соли 2020 ба 61,1 фоиз мерасад.
Барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар соҳаҳои гуногун, хусусан кишоварзӣ фаъолиятро пурзӯр намудан мувофиқи мақсад аст, ки он барои баланд бардоштани даромади пасти кормандон ва озод намудани неруи кории изофа барои ҷустуҷӯи кор дар дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ имкон медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар шароити ҷаҳони муосир мо танҳо бо заҳмати аҳлона, ваҳдату ватандӯстӣ метавонем Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя намуда, иқтисоди давлатамонро пешрафта ва ҳадафҳои миллиро амалӣ созем.