Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар шаҳри Душанбе то соли 2020 барои ҷавонони аз 18 то 23-сола коллеҷ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 20.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе нақша доранд, ки то соли 2020 барои ҷавонони аз 18 то 23 — сола коллеҷ бунёд намоянд, ки дар он шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар оянда онҳо метавонанд таҳсили худро ба тариқи гузариш дар коллеҷҳои кишварҳои хориҷӣ, ки бо Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ ҳамкорӣ доранд, идома диҳанд. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи нави таълимии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори андеша намуданд.
Ба андешаи Роҳбари давлат, таъсис ёфтани намояндагии муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи дунё дар кишварамон ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва касбу ҳунарҳои муосир гарданд.
«Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ бисёр кӯшиш намоянд, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош кунанд. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем кадрҳои баландихтисос, соҳиби илму дониши замонавӣ ва ватандӯсту ояндасоз ба воя расонем ва минбаъд тақдири давлати худро ба дасти онҳо супорем»,-зикр карданд Пешвои миллат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсат ба роҳбарони дигар муассисаҳои таълимии пойтахти мамлакат таъкид намуданд, ки таҷрибаи пешбурди корҳои таълиму тарбияро, ки дар ин мактаб ва умуман муассисаҳои пешрафта ба роҳ монда шудааст, омӯзанд ва дар ҷараёни фаъолияти худ усулҳои муосири таълимро ҳарчи бештар истифода баранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






