АЗ ПАИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: Дар вилояти Хатлон фаъолияти 18 сартарошхона бинобар ҷавобгӯ набуданашон ба талаботи санитарию эпидемиологӣ манъ карда шуд

Сентябрь 29, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, фаъолияти сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн ва 13 ҳуҷраи дандонпизишкии шаҳри Бохтар  мавриди санҷиш қарор гирифт.

Зимни санҷиш дар коргоҳҳои номбурда камбудиҳои зиёд, аз қабили ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан, риоя накардани ҳуҷҷатгузориҳои зарурӣ ва истифода накардани маводи яккарата ошкор ва ба қайд гирифта шуд.

Дар асоси камбудиҳои ошкоршуда фаъолияти 18 сартарошхона, 7  кошонаи ҳусн ва 1 ҳуҷраи дандонпизишкӣ манъ карда шуд.

Ҳамчунин нисбат ба 5 нафар табибони ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ барои риоя накардани қоидаҳои махсуси тиббӣ  санад  тартиб дода шуда, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифодаи хизмати сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ аз маводи як дафъагӣ истифода баранд. Ҳамчунин ба муҳлати истифодаи маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ диққат бидиҳанд.

Дар сурати пайдо шудани шубҳа ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.

 

Сентябрь 29, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст