«АЗ ТОҶИКИСТОН ДИЛКАШОЛ МЕРАВЕМ…». Ба Соли рушди сайёҳӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шореҳи адабии АМИТ «Ховар» бегоҳ ҳангоми истироҳат дар чойхонаи «Роҳат» бо чанд нафар сайёҳони хориҷӣ шинос шуд ва байнашон суҳбати қобили таваҷҷуҳ сурат гирифт…
Бо ин се хонуми солдида, вале ба ҳамон андоза зиндадилу чеҳракушод, ки бо нигоҳи кунҷкобонаи хоси наврасон ба акнофу атроф менигаристанд, мо тасодуфан шинос шудем. Рӯзи якшанбе бо дӯстам, ки ба мӯҷиби серкории ҳардуямон кам дидор мебинем, дар чойхонаи «Роҳат» нишаста, аз ину он суҳбат доштем. Дар мизи шафат се хонум ҷой гирифта, байни худ гоҳ ба русию гоҳ ба забони ношинос ҳарф мезаданд. Ин дам дар саҳни чойхона ҷавонзане бо писарчаи тахминан чор-панҷсола пайдо шуд. Вақте онҳо аз миёни мизҳои мо мегузаштанд, писарча аз роҳ бозистода, бо итоб ба сӯи мизи ҳамсоя ишора кард. Ман беихтиёр он сӯ нигаристам ва рӯи миз чанд дона гулҳои қоғазии зебосохт дидам. Кӯдак маҳз ба онҳо мутаваҷҷеҳ шуда буд. Яке аз он занон ин ҳолро дида, хушҳолона кӯдакро сӯи худ хонд ва як гулро гирифта, ба ӯ дод ва бо забони русӣ гуфт:
– Бигир, азизам! Ин гули нилуфар аст, аъзои ҷамъияти мо онро чун рамзи ҳақиқат, накӯӣ ва таҳаммул мепарастанд ва зимни талқини ҳадафи асосии худ – тарзи солими зиндагӣ, алалхусус низоми қадимии чинии покии зоҳиру ботин ба одамон ҳадя мекунанд.
Ҷавонзан бо кӯдакаш мамнунона табассум карданду рафтанд. Ҳисси кунҷкобии касбии рӯзноманигорӣ боло гирифту ман бо баҳонаи муносиб пеши меҳмонон (дигар шубҳа намонд, ки онҳо хориҷианд) рафтам. Аниқтараш, шамолак кулоҳи хасини яке аз ононро аз рӯи миз гирифта, партофту ман пешдастӣ карда, аз рӯи фарш бардоштам ва бо андаке тавозӯъ ба соҳибаш дароз кардам.
– Мардони тоҷик аҷаб муаддабанд, – табассуми миннатдорона кард ӯ.
Ҳамин тавр шиносоии мо бо онҳо сурат гирифт. Онҳо аз Давлати Исроил будаанд. Ҳарчанд Елизавета Воронина, ки имрӯз дар яке аз рӯзномаҳои бонуфуз рассом – ороишгар аст, аслан аз шаҳри Рига будааст, дигарӣ Евгения Голод аз шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳи шавҳараш, шоири шинохта ба сарзамини аҷдодӣ кӯч бастаанд. Ҳарду ба русӣ озод ҳарф мезаданд, ба ҷуз ҳамроҳашон, вале ҳамроҳашон Наоми Бар-Зив бештар хомӯш буд, маълум гашт, ки ба русӣ балад набудааст. Чун огоҳ шудам, ки онҳо бори аввал ба Тоҷикистон омадаанд, пурсидам, ки дар ватани мо чӣ чиз онҳоро беш аз ҳама мутаассир сохт, чӣ чиз писандашон омаду чӣ не?
Аввал Лиза, ӯ хоҳиш намуд, ки ӯро одиякак чунин номам, ба сухан даромад.
– Вақте шавҳараму писарам, ӯ чиҳил сол дорад, – гуфт Лиза, – аз нияти ба Тоҷикистон сафар кардани мо огоҳ шуданд, ба ҳайрат афтоданд. Сомонаҳо менависанд, ҳушдор доданд онҳо, ки Тоҷикистон ором нест, он ҷо ташкилоти террористие бо номи Ҳизби наҳзати ислом амал мекунад. Аммо ману шариконам аз роҳ барнагаштем. Ҳарчи бодо бод гуфтам.
– Он ташкилоте, ки мегӯед, – зуд ҷавоб додам ман, – дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардида, хокаш аз кишвар рӯфта шудааст. Халқ аз он безор…
– Эҳтимол ҳамин тавр бошад, – суханашро идома дод Лиза, – дар тӯли чанд рӯзе, ки ин ҷо ҳастем, Тоҷикистонро кишвари хеле тинҷу ором дарёфтем. Он чӣ аз аввал таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, эҳтиром ба калонсолон аст. Хурдон пеши онон мехезанд, салом медиҳанд. Чизи дигаре, ки ба назар аст, мардум хушлибос, дар кишварҳои Ғарб, инчунин дар кишвари мо ҷинсҳои даридаро афзал медонанд. Либоси ягонаи мактабӣ, ки мо мушоҳида кардем, низ хушамон омад. Мо медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард. Эҳтимол пайомадҳои он ҳоло ҳам эҳсос шаванд, вале аз суҳбати одамон мо эҳсос менамудем, ки мардум ба ояндаи нек бовар доранд, онҳо бо эҳтиром номи Роҳбари давлати худро ба забон мегиранд. Бовар кунед, агар чунин эҳсоси ватандӯстӣ бошад, ҳамаи мушкилиҳо батадриҷ рафъ мешаванд. Душанбе ба мо маъқул шуд, боғу хиёбону гулгаштҳои зебо, биноҳои хуштарҳ дорад, вале сарвати асосии ҳар кишвар мардуми он аст.
– Оре, – сухани ӯро Евгения Голод, ки низ хоҳиш кард ӯро бе ҳеҷ тумтароқ Женя номам, идома дод. Халқи тоҷик бисёр меҳмоннавоз аст. Бо ҳар касе, ки шинос шудем, ҳатман моро бо оши палав зиёфат карданӣ мешавад. Масалан, бо Парвина ном хонум (баъдтар фаҳмидем, ки ӯ Парвина Каримова, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон будааст) мо дар кӯча шинос шудем, моро сараввал зиёфат доду баъд ба тамошои китобхона бурд, воқеан ҷойи диданӣ, хеле пуршукӯҳ, ороста ва пироста. Мо аз Парвина хеле миннатдор шудем. Ронандагони таксиҳо ҳам одамони хуб, баодоб, дидаро, вале аҷиб ки ҳамаашон серфарзанд ва аз ин мамнун. Оре, фарзанд атои илоҳист. Занону духтарони тоҷик аҷаб зебоянд, хушқаду қомат, шаҳлочашм. Либосҳои миллӣ ба ҳусни онҳо чанд ҳусни дигар мебахшад. Мардони тоҷик одоби баланд доранд, дар фурудгоҳ ҷомадонҳоро аз дасти мо гирифтанд, ба мо роҳ кушоданд. Боз эътибор додам, дар кишвари шумо сигоркашҳо кам ҳастанд. Дар байни занҳо аслан надидам. Ин хуб аст. Як ҳадафи гурӯҳи мо ҳам тарғиби тарзи солими зиндагист.
Баъд аз Женя навбати сухан ба Наоми Барзив расид. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Телавив, калонтарин муасссисаи олии таълитмии Исроил будааст. Шариконаш суханони ӯро тарҷума мекарданд.
– Шавҳари раҳматии ман сарнишини ҳавопаймо буд, – гуфт Наоми, – мо ҳамроҳ ба бисёр мамолики ҷаҳон сафар карда будем. Аммо он чӣ дар Тоҷикистон дидам, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба чашм нарасид. Пеш аз ҳама, ман тозагии кӯчаю хиёбонҳо ва на фақат дар марказ, дар назар дорам. Ҳатто дар бозорҳо, ки мисли деги ҷӯшонанд, тозагӣ риоя мешавад. Ин нишонаи фарҳанги волост. Фақат боре аз як чиз мутааҷҷиб, аниқтараш дар аввал музтариб шудам. Рӯзе вақти сайругашт дар паси гулбутта ду анбони бесоҳиб дидам. Кӣ монда рафта бошад, ба таҳлука афтодам, мабодо дар онҳо моддаи тарканда набошад? Ба шариконам гуфтам, ки зуд бояд пулисро огоҳ кард. Мо чунин кардем, вале пулис фақат лабханде намуду гуфт, ки ин анбони аккосҳоянд, вақти шом меоянду анбонҳояшонро мебаранд. Мо осуда шудем, ба дил гуфтем, ки ин ҳама нишони оромию субот аст. Воқеан, мо худ сайёҳони зиёди хориҷиро дидем, ки бе ҳеҷ тарсу бим ҳатто шабона дар кӯчаҳои Душанбе сайр мекунанд. Ин албатта, хуб аст. Ҳамаи халқҳои ҷаҳон инро мехоҳанд. Аммо дар шароити кунунӣ эҳтиёт ҳам шарт. Бори дигар мегӯям, ки маданияти муоширати тоҷикон сазовори таҳният аст. Вақте тоҷикон чизе мегӯянд, бо табассум мегӯянд, даст сари сина мегузоранд, яъне суханашон самимист, аз сидқи дил аст. Кош чунин муҳиту чунин фарҳанг, ки дар Тоҷикистони шумо дидем, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳукмфармо бошад. Ҳар касе боре ба Тоҷикистон ояд, аз ин ҷо ҳатман дилкашол хоҳад рафт, бо умеди дидори дигарбора. Мо низ ҳамчунин…
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
ДАР АКСИ БОЛО: аз рост — Евгения Голод, Елизавета Воронина, Парвина Каримова (корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон) ва Наоми Барзив (аз рост – якум).
ДАР АКСИ ПОЁН: Наоми Барзив.