Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор ду сардхона ба истифода медиҳанд

Сентябрь 6, 2018 14:13

ҲИСОР, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Дар доираи омодагиҳо   ба истиқболи ҷашни  27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шаҳри Ҳисор 16 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, баистифодадиҳии ду бинои сардхона бо ғунҷоиши 370 тонна маҳсулот, муассисаи таълимӣ барои 600 нафар хонанда, корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо 30 ҷойи корӣ, маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишию марказҳои хизматрасонӣ дар назар аст.  Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Ҳисор Тоҷидин Шамсидинов  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре  аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, барои сазовор истиқбол гирифтани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат гурӯҳҳои тарғиботӣ бо сокинони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир менамоянд.

Дар онҳо перомуни омӯзиши илму дониш, ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар суҳбат менамоянд.

 

 

Сентябрь 6, 2018 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд