Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Сентябрь 6, 2018 11:54

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави меҳмонхонаи замонавиро  ба истифода доданд.

Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, тамоми утоқҳои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар  ошёнаи якуми бино бо шароити ҳуҷраҳои махсус, аз ҷумла, ҳуҷраҳои оилавии истироҳату хоб  шинос шуданд.

Дар қабати якуми меҳмонхона ҳамчунин ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ бо услуби хизматрасониҳои муосир, аз ҷумла, толори машқу тамрини бадан низ бунёд  карда шудааст.

Имконоти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 20 нафар пешбинӣ шуда, бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла, ошхона ва дигар имконоти хобу  истироҳат  пурсамар истифода намоянд.

Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар қабати 2-юми он  8 ҳуҷра ва нуқтаи алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқотҳои расмӣ ҷойгир  шудааст.

Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки давоми 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маҷмааи тозабунёд, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои зимни бунёди меҳмонхона анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар саҳни меҳмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шуда,  атрофи онро гулу буттаҳои ороишиву сояафкан, аз ҷумла, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда оро медиҳанд.

Ба истифода додани бинои нави меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ёвон 06.09.2018

Сентябрь 6, 2018 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд