Ба кормандони Суди ноҳияи Тоҷикобод дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бинои замонавӣ туҳфа гардид
ТОҶИКОБОД, 07.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод дар фазои тантанавӣ бо иштироки меҳмонону сокинони ноҳия бинои маъмурии Суди ноҳия ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар сохтмони бинои мазкур аз ҳисоби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиону 450 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Тибқи иттилои мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Ҳикматулло Абдуллозода, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар байни донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зери шиорҳои «Ҳунар беҳ аз симу зар», «Кадбонуи беҳтарин», «Истиқлолият ба занон чӣ дод?», «Ҷашни иқболат муборак, Тоҷикистонам» ва «Соҳибистиқлолему соҳибватан» барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд.
Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар рӯзи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






