Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 37 маркази саломатӣ ба истифода медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғду Хатлон 37 маркази саломатӣ ба истифода дода мешавад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз тарафи Лоиҳаи номбурда марказҳои саломатие, ки ба итифода дода мешаванд, бо тамоми лавозимоти махсуси коргоҳӣ ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло як қисми ин муассисаҳо мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони қисми дигар идома дорад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки муассисаҳое, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода мешаванд, аз ҷиҳати сифат ва муҷаҳҳаз будан бо техникаи муосири тиббӣ ҷавобгӯй ба талаботи замон буда, инчунин аз дигар марказҳои саломатӣ бартарӣ доранд.
Бояд зикр намуд, ки чанде пеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи сафари навбатии онҳо ба Тоҷикистон вохӯрӣ намуда буд.
Дар вохӯрии мазкур тарафҳо зимни суҳбат Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-ро натиҷагирӣ намудаву фаъолияти минбаъдаи ноҳияҳои таҷрибавиро дар ин самт мавриди муҳокима қарор доданд.
Зикр карда шуд, ки фаъолияти босамари Лоиҳа имкон медиҳад, ки пас аз ба итмом расидани он низ мутахассисони соҳа, ки аз даврҳои махсуси омӯзиши тибби оилавӣ гузаштаанд, бо дастрасӣ ба шароити арзанда тавонанд корашонро идома диҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






