Бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 16-сола дар Ҳисор оғоз меёбанд

Сентябрь 13, 2018 09:03

ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз 15 сентябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳалаи аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» баргузор мегардад.

Барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои марҳалаи дуюм панҷ дастаи мунтахаб-Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ миёни ҳам рақобат мекунанд. Рақобатҳо аз 15 то 23 сентябр идома меёбанд.

Ба марҳалаи дуюми мусобиқот, ки аз 23 феврал то 3 марти соли 2019 гузаронида мешавад, аз натиҷаи бозиҳои марҳалаи аввал 8 даста-ғолибон ва соҳибони ҷои дуюм, инчунин ду дастаи беҳтарини зинаи сеюм шомил мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати охирини Осиё-Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дар бозиҳои ниҳоӣ мустақиман ширкат меварзанд. Чемпионат соли оянда дар Таиланд гузаронида хоҳад шуд.

Сентябрь 13, 2018 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш