БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 10
ДУШАНБЕ, 8.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои осиёии соли 1998 ( Asian Games) давраи XIII Бозиҳои осиёист, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд аз 6-ум то 20-уми декабр баргузор шудааст. Аловуддин БӮРИЕВ шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» шарҳашро идома медиҳад.
27 сентябри соли 1990 шаҳри Бангкоки Таиланд маротибаи чорум мизбони Бозиҳои XIII осиёӣ интихоб гардид. Барои гузаронидани ин Бозиҳо шаҳрҳои Тайбейи Чин ва Ҷакартаи Индонезия низ мубориза бурданд. Шӯрои олимпии Осиё ва аъзои он-кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиё таҷрибаи пурғановати шаҳри Бангкоки Таиландро ба назар гирифта, бартариро ба он шоён донистанд. Натиҷаи овоздиҳии ба 20-10-7 баробар шуд. Бангкок пештар солҳои 1966, 1970 ва 1978 ин Бозиҳоро доир карда буд.
Дар мусобиқаҳои индафъаина низ мисли ду Бозиҳои охир дастаи мунтахаби Чин мақоми аввалро сазовор шуд. Варзишгарони Корея ва Япония зинаҳои ифтихории минбаъдаро ба худ ихтисос доданд. Мизбони мусобиқа –Таиланд рекорди худро иваз карда, 24 медали тилло ба даст овард.
Дар Бозиҳои XIII осиёӣ 6654 варзишгар аз 41 давлати Осиё аз рӯи 36 намуди варзиш иштирок кард. Рамз ё худ тилисми Бозиҳо — фил интихоб гардид. Дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар расми ифтитоҳи Бозиҳо ширкат кард, вале дар мусобиқаҳо иштирок накард.
Мутаассифона, варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба гирифтани медалҳо мушарраф нагардиданд. Дилшод Назаров дар ин бозиҳо гурзро ба масофаи 63 метру 91 сантиметр партофта, дар зинаи 7-ум ҷойгир шуд. Аввалин чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон –Андрей Абдувалиев, ки ба Ӯзбекистон рафта буд, дар ҳайати он даста бо нишондоди 77 метру 14 сантиметр соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра гардид. Дар давидан ба масофаи 100 метр аз Тоҷикистон Александр Козлов иштирок карда, зинаи охиринро ба даст овард. Дар бораи дигар варзишгарони иштирокдори Бозиҳои 13-уми осиёӣ аз Тоҷикистон ҷустуҷӯ идома дорад.
Дар Бозиҳои 13-уми осиёӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ ширкат варзид. Футболбозони мо аввал ба гурӯҳи «Д» шомил шуда, бо дастаҳои мунтахаби Қатар ва Малдив қувва озмуданд. Дар вохӯрии аввал бо дастаи мунтахаби Малдив Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Тӯбҳоро Тоҳир Мӯминов (1:0, 21 –ум дақиқа), Зокир Бердиқулов (2:0,65) ва Дмитрий Салтсман (3:0, 69) ба нишон расониданд.
Дар вохӯрии дуввум бо дастаи мунтахаби Қатар футболбозони тоҷик бо натиҷаи 2:1 мағлуб шуданд. Тӯбро аз дастаи Тоҷикистон Шӯҳрат Ҷабборов дар дақиқаи 90-ум аз пеналтӣ ба нишон расонд. Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои даври дуввум роҳхат гирифт ва ба гурӯҳи 3-юм бо дастаҳои мунтахаби Чин, Эрон ва Уммон бо ҳам омад.
Дар ин гурӯҳ афзалияти дигар дастаҳо ба чашм расид. Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Чин футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:1 (Забиров, 55), Эрон 5:0 мағлуб шуданд ва бо Уммон натиҷаи мусовии 3:3 –ро (Ҷабборов, 11, Мӯминов, 25, 68) комёб гардида, дар гурӯҳ соҳиби зинаи охирин шуданд. Аз ҳама аҷиб он буд, ки агар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Уммон натиҷаро мусовӣ намекард, дастаи мунтахаби Эрон аз гурӯҳ ба даври дигар намегузашт ва чемпиони Бозиҳои осиёӣ намегардид.
Натиҷаи медалҳо
| ҶОЙ | ДАВЛАТҲО | ТИЛЛО | НУҚРА | БИРИНҶӢ | ҲАМАГӢ |
| 1 | Чин | 129 | 78 | 67 | 274 |
| 2 | Ҷумҳурии Корея | 65 | 46 | 53 | 164 |
| 3 | Ҷопон | 52 | 61 | 68 | 181 |
| 4 | Тайланд | 24 | 26 | 40 | 90 |
| 5 | Қазоқистон | 24 | 24 | 30 | 78 |
| 6 | Тайбэйи Чин | 19 | 17 | 41 | 77 |
| 7 | Эрон | 10 | 11 | 13 | 34 |
| 8 | ҶХД Корея | 7 | 14 | 12 | 33 |
| 9 | Ҳиндустон | 7 | 11 | 17 | 35 |
| 10 | Узбекистон | 6 | 22 | 12 | 40 |
| 11 | Индонезия | 6 | 10 | 11 | 27 |
| 12 | Малайзия | 5 | 10 | 14 | 29 |
| 13 | Гонконг | 5 | 6 | 6 | 17 |
| 14 | Кувайт | 4 | 6 | 4 | 14 |
| 15 | Шри-Ланка | 3 | 0 | 3 | 6 |
| 16 | Покистон | 2 | 4 | 9 | 15 |
| 17 | Сингапур | 2 | 3 | 9 | 14 |
| 18 | Қатар | 2 | 3 | 3 | 8 |
| 19 | Муғулистон | 2 | 2 | 10 | 14 |
| 20 | Мянма | 1 | 6 | 4 | 11 |
| 21 | Филиппин | 1 | 5 | 12 | 18 |
| 22 | Ветнам | 1 | 5 | 11 | 17 |
| 23 | Туркманистон | 1 | 0 | 1 | 2 |
| 24 | Қирғизистон | 0 | 3 | 3 | 6 |
| 25 | Урдун | 0 | 3 | 2 | 5 |
| 26 | Сурия | 0 | 2 | 4 | 6 |
| 27 | Непал | 0 | 1 | 3 | 4 |
| 28 | АМА | 0 | 1 | 1 | 2 |









Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






