БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 11

Сентябрь 13, 2018 14:56

ДУШАНБЕ,13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кореяи Ҷанубӣ дар доираи баргузории Бозиҳои осиёӣ маротибаи дуввум ҳуқуқ пайдо кард, ки  варзишгарону намояндагони  кишварҳои Осиёро  меҳмондорӣ кунад. Бозиҳои осиёии XIV ин навбат дар шаҳри Бусан гузаронида шуданд. Бори аввал ҳамчун рӯзноманигор аз Тоҷикистон (ТВ Тоҷикистон) банда ҳам, дар Бозиҳои осиёӣ ширкат кардам. Шарҳи Аловиддин БӮРИЕВ, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз баргузории Бозиҳои осиёӣ ва таърихи он идома меёбад. 

Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз соли 1986 Бозиҳои Х-уми осиёиро дар шаҳри Сеул-пойтахти кишвар барпо карда, аз ҷониби намояндагони кишварҳои Осиё баҳои баланд гирифт. Аз ин рӯ Шӯрои олимпии Осиё бори дигар даъвати Кореяи Ҷанубиро истиқбол карда, онро ба қатори кишварҳои довталаб ҳамроҳ намуд. Шаҳри Каоҳсуюнги Тайбейи Чин ( Kaohsiung,  Taiwan)  рақиби асосии шаҳри Бусани Корея гардид. Моҳи майи соли 1995 Бусан бо афзалияти райъҳо мизбони Бозиҳои 14-уми осиёӣ интихоб гардид.

Дар Бозиҳои осиёии шаҳри Бусан варзишгарон аз 44 давлат ширкат варзида, аз рӯи 38 намуди варзиш барои 419 маҷмӯаи медалҳо бо ҳам мубориза бурданд. Расми ифтитоҳи Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Асиади Бусан (Busan Asiad Main Stadium)  29-уми октябри соли 2002 гузаронида шуд. Мусобиқаҳо бо ширкати 7 711 варзишгар  то 14-уми октябр идома ёфтанд. Ба ғайр аз шаҳри Бусан мусобиқаҳо дар шаҳрҳои Улсан, Чҳанвон, Масан ва Янсан (UlsanChangwonMasan

ва Yangsan) низ гузаронида шуданд.

Тимсол ё рамзи Бозиҳо паранда-моҳихӯрак интихоб шуд.

Дар Бозиҳои 14-уми осиёӣ 43 нафар варзишгарон аз Тоҷикистон дар намудҳои гуногуни варзиш иштирок карданд.  Ба ду нафар намояндагони гӯштии тарзи озод мушарраф шуд, ки бори аввал ба гирифтани  медалҳои нуқраи Азиада сарфароз гарданд.

Юсуф Абдусаломов, зодаи деҳаи Ансалтаи Доғистон, шаҳрванди Тоҷикистон ва Россия, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар вазни 74 -килограмм  дар риштаи гӯштии тарзи озод сараввал паҳлавони Япония Куниҳико Обатаро бо ҳисоби 5-2 (3:1) ва Марсиано Басасро аз Филиппин 9-0 (4:0) мағлуб карда, аз Генадий Лалиеви қазоқ бо натиҷаи 3:1 мағлуб гардид ва дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал шуда ба рақобатҳои нимниҳоӣ роҳхат пайдо кард. Ба Юсуф муяссар гардид, ки дар зӯрозмоии нимниҳоӣ Маҳдӣ Ҳоҷизодаро аз Эрон, ки навакак чемпиони ҷаҳон шуда буд, бо ҳисоби 9-7 шикаст диҳад ва ба финали бозиҳо роҳхат гирад. Чо Вюнг-кван-мизбони мусобиқа аз Кореяи Ҷанубӣ ӯро дар вохӯрии асосӣ интизор буд. Ба паҳлавони мо толеъ мадад накард, ки ҳарифи худро мағлуб намояд. Ҳисоби 4-0 Чоро чемпион карду Юсуф Абдусаломовро барандаи медалҳои нуқраи Бозиҳои осиёӣ.

Баъди ин бохт Юсуф бисёр ғамгин буд. Ӯ мехост медали тиллоро ба даст орад. Аммо нашуд. Дар мусобиқоти минбаъдаи байналмилалӣ Юсуф барои шӯҳарати варзиши тоҷик кумаки зиёд расонид.

Намояндаи дигари гӯштии тарзи озод Эраҷ Давлатов дар вазни 66- килограм бар ҳрифи аввали худ Камол Ҳусейн аз Бангладеш бо ҳисоби 10-0 ғолиб омада аз Мирдод Мир аз Афғонистон ва Норинҷин Байармагнай аз Муғулистон бо нишондоди якхелаи 3-2 мағлуб шуд ва аз идома додани бозиҳо дар канор монд.

Дар вазни 84 -килограм боз як паҳлавони дигари доғистонӣ, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дошт ва узви дастаи мунтахаби гӯштигирони Тоҷикистон буд, Шамил Алиев натиҷаи намоён нишон дод. Ӯ  дар вазни 84- килограмм Катсутоши Сембаро аз Япония (7-0, 3:0) ва Паймон Дурусткорро аз Эрон (3-2,3:1) сарафканда карда ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфт. Магомед Куруглиев аз Қазоқистон дар вохӯрии нимниҳоӣ бар Шамил Алиев (3:2) ғолиб омада, сари роҳи ӯро барои гирифтани медалҳои тилло ва нуқра гирифт. Дар натиҷа Шамил Алиев дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бар паҳлавони Ӯзбекистон – Аслан Санакоев (3:1) пирӯз омад ва медали биринҷиро ба гардан овехт.

Аз намуди гӯштии юнону румӣ дар вазни 96 -килограмм Шодӣ Баҳромов Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва дар ду вохӯрӣ аз Муҳаммад Алҳоиқ (0-7) аз Сурия ва Ҷиянг Ҳуачен(0-9)  аз Чин мағлуб шуд.

 

Бори аввал дар гӯштии тарзи озод миёни бонувон Лидия Карамчакова дар вазни 48 -килограмм Тоҷикистонро арзанда муаррифи кард. Ӯ соли 2000-ум дар вазни 46 -килогармм дар Будапешт чемпиони Аврупо ва каме пештар соли 1997 дар Варшава сазовори медали биринҷӣ гардида буд. Шаҳрвандии Тоҷикистону Россияро дошт. Барои ӯ ғалаба кардан дар майдони набард хеле осон буд. Тактикаю техникаи гӯштигириаш ҳарифонро ба тарс овард. Сараввал Лидия Тсогтбазарин Инҷаргалро аз Муғулистон (6-1,3:1) ва Кристина Вилануеваро аз Филиппин(7-0,4:0)  мағлуб карда ба финали мусобиқа роҳхат гирифт ва дар мубориза барои медали тиллоии Бозиҳои 14-уми осиёӣ аз Зонг Хию аз Чин (2-2, 0:4) дар вақти тиллоӣ мағлуб шуд.

Лидия ба сабади дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон медали нуқраи дуюмро зам кард.

Дар намуди бокс ҳам варзишгарони мо ба дастовардҳои аввалинашон мушараф гардиданд. Дар вазни 48- килограмм Меҳроҷ Умаров дар вохӯрии нахустинаш бар Бонис Юсак Савеҳо аз Индонезия ғалабаи комил ба даст оварда, дар вохӯрии дуюм Чоиҷилҷавин Бумчинро аз Муғулистон (29-27) шикаст дод ва дар рақобати навбатӣ аз Ким Ки-сук, ки чемпиони Бозиҳо гардид, мағлуб шуд ва сазовори медали биринҷӣ  дониста шуд.

Муштзани дигари мо Абдусалом Ҳасанов низ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар вазни 54 -килограмм бар Сердар Шиҳимов аз Туркманистон пеш аз мӯҳлат -бо накаут ва  Чое Пуёнг –сол аз Кореяи Шимолӣ бо натиҷаи 20-16 ғолиб омада,  аз Ким Вон –ил аз Кореяи Ҷанубӣ (7-17)  мағлуб шуд. Дар ин вазн Ким Вон –ил соҳиби медалҳои тилло гардид.

Агар дар Бозиҳои осиёии соли 1994 мо ҳамагӣ ду медалро ба даст оварда бошем, акнун шумораи медалҳои мо ба шаш адад расид. Исроил Исмоилов-дорандаи аввалин медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ дар риштаи Карате-до бори дигар дастовардашро такрор намуда, дар Бозиҳои 14-ум аз худ нақше боқӣ гузошт. Ӯ дар вазни 75- килограмм боз медалҳои биринҷиро аз худ кард. Дар нахустин майдондорӣ ӯ бар Суҳайл Салмон аз Сурия бо баҳогузории 5-3 ва бар Азамат Қаландаров аз Ӯзбекистон 3-2 пирӯз гардида, бо каратечии Эрон – Меҳрон Беҳномфар вохӯриро мусовӣ-0-0 анҷом дод ва аз рӯи райъи доварон бартарӣ ба варзишгари эронӣ дода шуд.

Исроил барои ноил шудан ба медали  биринҷӣ бар Ноҷӣ Алқодисӣ бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад ва зинаи сеюмро ба даст овард. Дар маҷмӯъ Меҳрон Беҳномфар соҳиби ҷои аввал ва Андрей  Королёв аз Қазоқистон дуввум шуданд.

Дар риштаи карате-до Диловар Шарифов дар вазни 55- килограмм дар зӯрозмоии нахустин аз Ҳоҷи Ҷаъфари аз Бруней (7-1)  мағлуб шуд, Хуршед Муҳаммадҷонов дар вазни  60 -кило Ориф Сиямро аз Индонезия (8-3)  мағлуб карда, аз чемпиони бозиҳо Кемичи Имай аз Япония (1-9) мағлуб гардид ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз каратекори Ӯзбекистон Икром Каримов ноком шуд.

Ориёнфари Мастонзода  дар бардошти 65- килограмм дар даври аввал Самбар Баҳадурро аз Непал (2-0) паси сар гузошта, дар даври дуввум аз Меҳдӣ Амонзода (5-7) мағлуб гардид. Бо сабаби он ки Меҳдӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт, Ориёнфар барои медали биринҷӣ мусобиқаро давом дода бар Камко Ҳаунгманӣ аз Лаос (8-0) ғолиб омад ва як қадам дур аз медалҳои биринҷӣ аз Наиф Алмутайрӣ аз Кувайт (5-00) мағлуб гардид.

Дар намудҳои дигари варзиш натиҷаи нишондодаи варзишгарони мо шоёни таҳсин набуданд. Дар риштаи ҷудо Шералӣ Бозоров дар вазни -73-кило, Алишер Каримов — 81, Неъматҷон Хидиров -90 ва Муродилло Хидиров то 100 килограмм ҳунарнамоӣ карданд. Танҳо ба Муродилло Хидиров муяссар гардид, ки як нафар ҳарифи худро мағлуб намояд.

Ин навбат ба Дилшод Назаров низ муяссар нагардид, ки ба гирифтани медали Бозиҳо сарфароз гардад. Дар гурзандозӣ ӯ мақоми 9-умро касб кард.

НАМУДҲОИ ВАРЗИШ

• Аспсаворӣ
• Бадминтон
• Баскетбол
• Бейсбол
• Билярд
• Бодибилдинг
• Бокс
• Боулинг
• Вазнбардорӣ
• Варзиши сабук
• Варзишҳои обӣ
• Тӯббозӣ дар об
• Шиноварӣ
• Ҷаҳиш ба об
• Шиноварии синхронӣ
• Велосипедронӣ
• Дар шоҳроҳ
• Трек
• Волейбол
• Волейболи соҳилӣ
• Волейбол дар толор
• Гимнастика
• Бадеӣ
• Варзишӣ
• Дар батут
• Голф
• Гуштин
• Дзюдо
• Заврақронӣ
• Кабодда
• Камонварӣ
• Каратэ
• Қайиқронии академӣ
• Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
• Регбӣ
• Сквош
• Софтбол
• Софт-теннис
• Таеквондо
• Теннис
• Тенниси рӯи миз
• Тирпаронӣ
• Триатлон
• Ушу
• Футбол
• Футзал
• Хоккей дар рӯи алаф
• Ҳандбол
• Шамшербозӣ

НАТИҶАИ БОЗИҲО

ҶОЙ ДАВЛАТҲО ТИЛЛО НУҚРА БИРИНҶӢ ҶАМЪ
1  Чин 150 84 74 308
2  Ҷумҳурии Корея 96 80 84 260
3  Ҷопон 44 74 72 190
4  Қазоқистон 20 26 30 76
5  Узбекистон 15 12 24 51
6  Тайланд 14 19 10 43
7  Тайбэйи Чин 10 17 25 52
8  Ҳиндустон 10 12 13 35
9  ҶХД Корея 9 11 13 33
10  Эрон 8 14 14 36
11  Арабистони Саудӣ 7 1 1 9
12  Малайзия 6 8 16 30
13  Сингапур 5 2 10 17
14  Индонезия 4 7 12 23
15  Ветнам 4 7 7 18
16  Гонконг 4 6 11 21
17  Қатар 4 5 8 17
18  Филиппин 3 7 16 26
19  Баҳрайн 3 2 2 7
20  Қирғизистон 2 4 6 12
21  Кувайт 2 1 5 8
22  Шри-Ланка 2 1 3 6
23  Покистон 1 6 6 13
24  Мянма 1 5 6 12
25  Туркманистон 1 2 1 4
26  Муғулистон 1 1 12 14
27  Лубнон 1 0 0 1
28  ТОҶИКИСТОН 0 2 4 6
29  Макао 0 2 2 4
30  АМА 0 2 1 3
31  Бангладеш 0 1 0 1
32  Сурия 0 0 3 3
33  Непал 0 0 3 3
34  Лаос 0 0 2 2
35  Урдун 0 0 2 2
36  Афғонистон 0 0 1 1
37  Яман 0 0 1 1
38  Бруней 0 0 1 1
39  Фаластин 0 0 1 1
ДАР МАҶМӮЪ 427 421 502 1350

 

 

Сентябрь 13, 2018 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2024: Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мегардад
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мешавад
Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид
Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид
Ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард