БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 8
ДУШАНБЕ,5.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаи Осиё соли 1986 аввалин Бозиҳои зимистонаи Осиё гузаронида шуданд ва минбаъд истилоҳи “тобистона” ба Бозиҳои осиёӣ ворид гардид. Дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ, дар фасли зимистон, дар моҳҳои январ то даҳаи аввали моҳи март осиёиҳо аз намудҳои варзиши зимистона бо ҳам мусобиқа меоростанд. Албатта ин мавзӯъи дигар аст, аммо ин масъала низ тавзеҳ мехоҳад. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро идома медиҳад.
Сабаби асосии ёдовар шудани Бозиҳои зимистонаи Осиё он аст, ки то имрӯз дар ҷаҳон (ба ғайр аз баъзе аз расонаҳои Россия) ягон кишвар Бозиҳои осиёиро “тобистона” нагуфтааст ва намегӯяд. Агар ёд карда бошанд ҳам, ангуштшуморанд. Маъмулан Бозиҳои осиёӣ (тобистонае, ки мегӯянд) дар фасли зимистон низ барпо мегардиданд (Бозиҳои I, II, III дар баҳор, V, VI, VIII, IX, XIII дар зимистон , танҳо дар як моҳи тобистон бо гузариш ба тирамоҳ Бозиҳои IV, XVIII доир шудаанд. А.Б.). Дар навиштаҳои қисме аз рӯзноманигорони тоҷик низ аз “тобистона” будани Бозиҳои осиёӣ ёд мешавад ва аз ин рӯ хуб мешуд, ки онро мисли аслаш -Бозиҳои осиёии холӣ нависанд ва ё бигӯянд (بازیهای آسیایی).
Бозиҳои осиёии XI-умро бори аввал дар таърихи худ Ҷумҳурии Халқии Хитой мизбонӣ кард. Он аз 22-юми сентябр то 7-октябри соли 1990 дар пойтахти ин кишвар-шаҳри Пекин баргузор шуд. Рамз ё худ тилисми он- Панда интихоб гардид. Бозиҳои осиёӣ аз калонтарин мусобиқае буданд, ки дар Чин гузаронида шуданд. Дар мусобиқа 6122 варзишгар аз 37 кишвари Осиё ширкат кард. Ба Тайван (Тайбей) иҷозат дода шуд, ки бо номи Ҷумҳурии Чин дар Бозиҳо иштирок кунад. Бозиҳои осиёӣ барои Ҷумҳурии Халқии Хитой мусоидат карданд, ки дар интихоби ҷои Бозиҳои олимпии соли 1988 кӯмак расонанд.
Бозиҳои XI –и осиёӣ, ки дар соли 1990 гузаронида шуд, талафоти бузурге дод. Президенти Шӯрои олимпии Осиё шайх Фаҳд Ассабоҳ дар натиҷаи ҳуҷуми Ироқ ба Кувайт кушта шуд ва Шӯрои олимпии Осиё муаққатан то анҷоми ҷанг миёни Ироқ ва Кувайт (1991) ба Британия кӯчонида шуд.
Дар давраи Бозиҳо 7 рекорди ҷаҳонӣ (6-то дар тирпаронӣ, 1-то дар велосипедронӣ), 89 рекорди Осиё ва 1 рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Боз 11 рекорди дигари Осиё такрор гардид.
Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Бозиҳои осиёӣ 60 дар сади медалҳои тиллоро аз худ карда дар маҷмӯъ 34 дар сади медалҳоро ба худ ихтисос дод.
НАМУДҲОИ ВАРЗИШ
· Бадминтон
· Баскетбол
· Бокс
· Вазнбардорӣ
· Варзиши сабук
· Велосипедронӣ
· Волейбол
· Гимнастика
· Голф
· Гуштин
· Дзюдо
· Заврақронӣ
· Кабодда
· Камонварӣ
· Қайиқронии академӣ
· Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ
· Тенниси рӯи миз
· Сепактакрау
· Софтбол
· Теннис
· Тирпаронӣ
· Ушу
· Футбол
· Хоккей дар рӯи алаф
· Ҳандбол
· Шиноварӣ
Намудҳои намоишӣ
· Бейсбол
· Тенниси нарм
Дастовард ва натиҷаҳо














Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






