БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИИ ВКД ТОҶИКИСТОН: ду рӯз аз баромадан бо мошини шахсӣ худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред!
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Н.Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки мақсад аз андешидани ин тадбир дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки маҳдуд намудани ҳаракати нақлиёт 27-28 сентябри соли равон аз соати 09:00 то анҷоми чорабинӣ давом мекунад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






