Дар Академияи илмҳо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон дастовард ва неъмати бебаҳо буда, моҳияти таърихии он заминаи рушду нумӯи илму маърифат, фарҳанг, иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани илми ватанӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Беш аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бахшида ба соҳаи илм ба тасвиб расиданд, ба пешрафти минбаъдаи илмиву техникӣ, такмили муассисаҳои илмӣ, маблағгузории тадқиқоти илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардиданд. Ин матлаб имрӯз зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, гуфта шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маҷлисро ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Ҳикмат Муъминов ҳусни оғоз бахшида, аҳли илмро бо ҷашни миллӣ табрик намуд.
Зикр гардид, ки олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир корҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯи 55 мавзӯи бунёдӣ ва 40 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм — математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт ва демография натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварданд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра коркардҳои зиёди илмӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб татбиқи худро ёфтаанд.
Шеърҳои шоирони маҳбуб Аскар Ҳаким ва Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ки тараннумгари Истиқлолияти давлатӣ, ватандорӣ, ифтихор аз ватан буданд, ба ҳамоиш шукӯҳи дигар зам намуд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ китобҳои нав, ки ба масоили об бахшида шудаанд, рӯнамоӣ гардиданд.
Дар анҷоми маҷлис як гурӯҳ кормандони муассисаҳои илмӣ барои саҳм гузоштан дар рушди илми тоҷик бо Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардиданд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






