Дар деҳаи Ғурунги шаҳри Роғун барои 520 нафар хонанда мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд
РОҒУН, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Ғурунги ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 520 нафар хонанда ва Маркази хизматрасонии соҳибкор Аҳмадшо Нуров, ки аз сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ иборат мебошад, бо иштироки меҳмонону сокинони деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз шуъраи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тавре аз шуъбаи сохтмони шаҳр иттилоъ доданд, муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, утоқи созмони талабагон, толори варзиш, толори маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ ва майдони варзишӣ мебошад. Барои сохтану таҷҳизонидани ин муассиса аз ҳисоби буҷети шаҳр ҳафт миллион сомонӣ масраф шудааст.
Раиси деҳаи Ғурунг Маҳмадюсуф Исматов мегӯяд, ки “дар деҳаи мазкур 250 оила зиндагӣ менамоянд. То имрӯз фарзандони аҳли деҳа дар биноҳои садамавии муассисаи таълимии рақами 6 дарс мехонданд ва ба мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст рӯ ба рӯ буданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим барои фарзандони мо мактаби замонавӣ сохта шуда, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият ба сокинони деҳа туҳфа гардид”.
Корҳои созандагию бунёдкориро соҳибкорон ва сокинони деҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар оянда ният доранд 7 км роҳи деҳаро мумфарш намоянд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






