Дар Душанбе ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор мегардад

Сентябрь 14, 2018 08:12

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони  адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ баргузор мегардад. Ҷаласаи  мазкур дар доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018  роҳандозӣ мегардад.

Тавре сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва иштироки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Қобилов зимни  суҳбат  ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҳошияи чорабинии  мазкур 17 сентябри соли 2018 гузаронидани ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи Шӯрои  вазирони  адлияи   давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ва ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмилдиҳии афзори татбиқи  конвенсияҳои Минск ва Кишинев дар бораи  ёрӣ ва      муносибатҳои  ҳуқуқӣ  оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва    ҷиноятӣ дар  назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи  якуми  Гурӯҳи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия ва ҷаласаи дуюми он 10 октябри соли 2017 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии  Арманистон баргузор  гардида буданд.

«Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ таҳти раёсати Раиси Шӯрои  вазирони  давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида  шуда, дар он вазирони адлияи   ҷумҳуриҳои Арманистон,  Беларус,  Қирғизистон, Тоҷикистон  ва    Федератсияи Россия  иштирок мекунанд. Инчунин  ба ҳайси  намоянда дар Шӯро вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд», — афзуд Б. Қобилов.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои  ҷазои  ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он муболилаи   афкор   ва  таҷриба  сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори  Шӯрои  сарони    давлатҳои ИДМ «Дар бораи   Шӯрои вазирони    адлияи     давлатҳо —   иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис  дода     шудааст. Қарор дар бораи   таъсиси     Шӯро аз ҷониби    панҷ     давлат — ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб   расидааст.

Ваколатҳои асосии  Шӯро аз таҳияву  таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти    вазоратҳои   адлия  марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории  давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа марбут иборат мебошанд.

Аз лаҳзаи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа ташкил  ва   гузаронида  шудааст. Аввалин ҷаласаи он  12 апрели соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида  буд. Ҷаласаи  шашуми ин  Шӯро  23 сентябри соли 2011 дар шаҳри  Душанбе  доир шуда буд.

Охирин ҷаласаи Шӯрои вазирони  адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ 11 октябри  соли 2017 дар   шаҳри Ереван баргузор гардида буд.

 

Сентябрь 14, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд