Дар Душанбе бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2018 10:27

ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли 2018, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ   баргузор мегардад.

Мусобиқа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,  Федератсияи  пойгаи равон ва бузкашии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   сурат гирифта, ба ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида мешавад.

Тавре аз Федератсияи  мазкур  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, дар мусобиқаи   кушоди пойгаи аспдавонӣ   варзишгарони аз 16 — сола  боло  бо аспҳои 2 , 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе   байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  супорида мешаванд.

 

Сентябрь 15, 2018 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд