Дар Душанбе Конфронси 3-юми байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дирӯз, 13 сентябр, дар Душанбе Конфронси 3-юми байналмилалиро оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доир намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА хабар дод.
Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, лоиҳаи “HOPE”, Институти ҷомеаи кушод, Созмони байналмилалии муҳоҷират, созмони “Табибони бидуни марз” ва KNCV (Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландӣ оид ба мубориза ва пешгирии бемории сил) роҳандозӣ гардид. Кӯмак ба беморони сил ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо – яке аз асосҳои Стратегияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) – “Ба бемории сил хотима мебахшем” ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он паст кардани сатҳи фавт аз бемории сил то 95% ва кам кардани ҳолатҳои бемории сил то 90% то соли 2035 мебошад.
Ҳамасола аз ин бемории сирояткунанда, аммо табобатшаванда, дар ҷаҳон тақрибан 1,5 миллион нафар одамон ҳалок мешаванд. Аз ин лиҳоз бемории сил мушкилии ҷиддии соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад.
Дар конфронс зикр гардид, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи татбиқи назорати ҳамаҷонибаи бемории сил ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд, вале ба ин сайъу кӯшишҳо нигоҳ накарда, шаклҳои ба доруҳо устувори бемории сил дар минтақа афзоиш меёбад. Татбиқи пешгирӣ ва нигоҳубинии ҳамаҷонибаи беморони сил мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби шарикон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба коҳиши паҳншавии бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Конфронси мазкур силшиносони баландихтисоси ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳуриро ба ҳам овард. Мутахассисон оид ба дастовардҳо, таҷрибаҳо ва сабақҳои андӯхташуда роҷеъ ба усулҳои табобати бемории сил табодули таҷриба намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар сессияҳои пленарӣ, дарсҳо ва вохӯриҳо барои гурӯҳҳои корӣ оид ба мавзӯъҳои назорати бемории сил, аз ҷумла ташхиси зудамали ин беморӣ, дорувориҳои нав ва реҷаҳои кӯтоҳмуддати табобат, сили кӯдакона, назорати сироятӣ ва ташхиси таҳлилии зиддисилӣ иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки USAID Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ӯзбекистонро дар амалинамоии барномаҳои миллиашон дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил тавассути татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи сил байни аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID дар мубориза бар зидди бемории сил — ин коҳиш додани сатҳи паҳншавии ин беморӣ ва пешгирӣ намудани шаклҳои ба доруҳои мухталиф устувори он дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Барномаи USAID доираи васеъи соҳаҳои техникӣ, аз ҷумла мустаҳкам кардани иқтидори инсонӣ ва институсионалӣ дар низоми тиббӣ, беҳдошти ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории байниидоравӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






