Дар Душанбе сеюмин Конфронси байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Сентябрь 13, 2018 15:07

ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз  дар шаҳри Душанбе  сеюмин Конфронси байналмилалӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар кишварҳои  Осиёи Марказӣ  оғоз ёфт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  Конфронси мазкур  бо ташаббуси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID)   баргузор гардида, дар он беш аз 180 нафар силшиносони баландихтисоси  ИМА, Осиёи Марказӣ ва Аврупо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Ҷаҳонии Тандурустӣ, Арманистон, Австрия,  Федератсияи Россия ва ғайраҳо   иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи конфронс муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки «Конфронси имрӯза дар доираи тадбиқи Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020  баргузор гардида,  он  барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда  дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои  дарёфти саривақтӣ   ва ба табобат фаро гирифтани беморон  дар доираи имконияти мавҷуда мусоидат хоҳад кард».

Инчунин С.Умарзода иброз дошт, ки бемории сил, хусусан  шаклҳои мутобиқгаштаи он  тамоми  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  табобати  бемориҳои шаклҳои мутобиқгашта аз    соли 2009 аз ноҳияҳои  таҷрибавӣ оғоз гардида,  соли 2014 тамоми кишвар пурра  бо  ташхис ва табобати ройгон  фаро гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки Конфронси мазкур ду рӯз идома карда, дар он иштирокчиён оид ба  дастовард, таҷриба ва сабақҳои омӯхташуда табодули таҷриба намуда, дар сессияҳои пленарӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба мавзӯъҳои вобаста ба назорати бемории сил, аз ҷумла, ташхиси пурраи бемории сил, дорувориҳои нав ва реҷаҳои кӯтоҳмуддати табобат, сили кӯдакона, назорати сироятӣ ва таҳлилгоҳҳои зиддисилӣ  иштирок менамоянд.  

Сентябрь 13, 2018 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд