Дар Кохи Сомон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ҷараён дорад

Сентябрь 28, 2018 12:28

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ Ховар/.   Дар Кохи Сомон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ  шуруъ гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ, ки ҳамроҳи гуруҳи калони журналистони ватанӣ ва хориҷӣ ҳоло дар   Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдоди муҳимро пайгирӣ менамояд,  гузориш медиҳад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз  ёфт. Пешвои миллат иштирокдоронро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори он бурдборӣ таманно намуданд. Сипас Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев  оид ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода, фаъолияти онро баланд арзёбӣ кард.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласа сарони кишварҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамгироии мутақобила дар доираи Иттиҳод табодули афкор менамоянд. Ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушд ва тақвияти ҳамкориро дар самтҳои асосии фаъолияти ИДМ мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки тайи  як сол Тоҷикистон раёсати  ИДМ-ро бар зимма дошт. Аниқтараш,  12 октябри соли 2017 дар нишасти сарони давлатҳо дар шаҳри Сочи раёсати   ИДМ барои як соли дигар- соли 2018-ро Тоҷикистон  ба уҳда гирифт.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки айни ҳол дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе оғоз гардидааст, сарони давлатҳои Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Сооронбой Жээнбеков, Озарбойҷон — Илҳом Алиев, Молдова — Игор Додон, Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев, Россия — Владимир Путин,   Арманистон — Никол Пашинян  ва  муовини Сарвазири Туркманистон Пурли Агамурадов иштирок доранд.

Барои инъикоси ин чорабинии сиёсӣ дар маркази матбуоти Кохи Сомон ҳоло 500 нафар хабарнигорони хориҷиву  дохилӣ ҷамъ омадаанд ва ҷараёни ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ- ро пайгирӣ ва инъикос менамоянд.

Оид ба ҷараёни ҷаласа баъдтар иттилои муфассал пешниҳод мегардад.

Сентябрь 28, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд