Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон қочоқчиён боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як моҳ сарҳадбонони тоҷик 20 адад мошинҳои боркашеро, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарҳади давлатиро убур карда, ба кашонидани моли қочоқ машғул буданд, боздошт намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” котиби матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.
Ба иттилои номбурда, моҳи августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла, дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум ва пешгирии убури ғайриқонуни марзи давлатӣ гузаронида шуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ғайриқонунӣ ва бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, яъне чун қочоқчӣ марзи давлатиро убур карда буданд, бо мошинҳои боркаши худ дастгир карда шуданд. Дар ин муддат, мошинҳои боркаши тамғаҳои «Портер» — 11 адад, «ЗИЛ» -1 адад, «Газел»- 2 адад, 6 адад мошини боркаши тамғаи “Мерседес” боздошт гардиданд.
Ҳангоми азназаргузаронии воситаҳои нақлиёти боркаш, аз бордони мошинҳо ба миқдори 16 000 кг меваи хушки зардолу, 400 кг маҳсулоти сабзавотӣ, 1 250 кг нурии минералии навъи силитра, 1 500 (ҳазору панҷсад) адад тунукаи алюминӣ, 17 тоннаю 500 кг маводи сӯзишвории ангиштсанг, 1 000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 м3 маҳсулоти сохтмонии тахта ва ғайра дарёфт ва мусодира карда шуд.
Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастгиршудагон бо мошинҳо ва борҳои дохили он ба мақомоти интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






