Дар Осорхонаи Кӯлоб барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд барномаи фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб дирӯз бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд, волидайн ва меҳмонон барномаи фарҳангӣ- бадеӣ таҳти шиори «Мо бачаҳои насли истиқлолем» баргузор гардид.
Барномаи мазкур ба дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва беҳтар намудани шароити онҳо бахшида шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, барнома дар асоси нақшаи фаъолияти кории Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии Миссияи Шарқ ва «Заршедабону» гузаронида шуд.
Дар ҳамоиш, ки бо иштироки васеи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд сурат гирифт, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати маорифи шаҳр ва дастпарварони Мактаби мусиқии шаҳри Кӯлоб ҳузур доштанд.
Ба иштирокчиёни барнома баъди тамошои осорхона дар толори он филми мустанад дар мавзӯи «Маъюбонро эҳтиром бояд кард» манзур гардид.
Сипас, дар саҳни Осорхонаи 2700 — солагии Кӯлоб барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳозирин барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Зикр шуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






