Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон мавсими театрӣ ба солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 сентябр бо иштироки роҳбарони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳангу ҳунар ва тамошобинон дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун мавсими театрӣ оғоз шуд. Оғози мавсими театрӣ ба солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим- бунёдгузори театри Аҳорун бахшида шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсидин Орумбекзода оғози мавсими театриро ҳамроҳ бо солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим ба аҳли театр ва тамошобинон табрик гуфта, онро фоли нек донист.
Ба гуфтаи Орумбекзода, дар ин рӯз ёдоварӣ аз шахсияти саҳна, ҳунарманди варзида, бунёдгузори театри Аҳорун – Фаррухи Қосим воқеаи фараҳбахш аст. Зеро Фаррухи Қосим фарде буд, ки тамоми ҳастиашро ба саҳна ва тамошобин бахшида буд.
Вай аз тамошобинон даъват мекард, ки ба театр эҳтиром дошта бошанд, то ҳунармандон тавонанд беҳтарин намоишҳоро барои онҳо таҳия кунанд.
Директори Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон Сабоҳат Қосимова аҳли ҳунар ва тамошобинонро бо маросими оғози мавсими театрӣ табрик гуфта, ибрози хушҳолӣ кард, ки ҳунармандони театри мазкур ба мавсими нав омодагии ҷиддӣ гирифта, бо намоишҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард.

Маросими мавсими театрӣ бо монологи Фаррухи Қосим-“Шоҳи саҳна” дар иҷрои Сабоҳат Қосимова ва намоиши «Ватандорӣ» дар таҳияи Фирдавси Қосим оғоз гардид.
Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон 1 январи соли 1990 дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Роҳбари бадеии он ҳунарпеша ва коргардон Фаррухи Қосим буд. Аз соли 2010 ин вазифаро ҳунарпеша Сабоҳат Қосимова ба уҳда дорад. Соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло он номи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро дорад.
Нахустин намоиши «Аҳорун» «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯйи ашъори Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1991 таҳия шуд, ки аз ҳар лиҳоз навгонӣ дар театри тоҷик буд. Намоишҳои дигари «Аҳорун» — «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун» (ҳар ду аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1992, 1997) — «Даҷҷол» (1994) — «Шайх Санъон» (1996) — «Қиссаи ишқ» (2000) «Шоҳ Лир» (2003) — «Зардушт» (2006) — «Раъно» (2007) — «Дило, назди касе биншин …» (2008) низ аз ҷониби Фаррухи Қосим дар асоси назми классикии форс-тоҷик эҷод шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






