Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2018./АМИТ «Ховар»/. 15 – 17 сентябри соли равон Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар доираи он намоиши як зумра филмҳо дар назар аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон Мушаррафа Шарифова иттилоъ дод. Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуда, 15 сентябр дар «Кохи Наврӯз» оғоз меёбанд.
Дар доираи Рӯзҳо намоиши филмҳое, ки синамогарони ӯзбек солҳои соҳибистиқлолӣ ба навор гирифтаанд, дар назар аст. Аз ҷумла, 15 сентябр, соати 18:30 дар толори кинотеатри Кохи Наврӯз филми «Барон» намоиш дода мешавад.
16 сентябр, соати 10:00 дар кинотеатри «Зебуниссо» филми «Зурриёт», соати 11:00 дар кинотеатри «Лоҳутӣ»-и шаҳри Бохтар филми «Меросхӯр», соати 14:00 дар кинотеатри «Ватан» филми «Ойқиз эртагӣ» ва соати 17:00 дар кинотеатри «Зебуниссо» филми «Сабот» ба намоиш гузошта мешаванд.
Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябр бо имзои Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Ӯзбеккино» ба поён мерасад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






