Дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Чин ба анҷом расид, бо ду мусовӣ ва як бохт зинаи сеюмро соҳиб гардид. Ин вохӯриҳо яке аз марҳалаҳои аввали тайёрӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб мераванд.
Сармураббиии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол Мубин Эргашев, ки имсол дастаро ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё мебарад, дар Чин якбора ҳамаи номзадҳо ба дастаи мунтахабро аз назар гузаронида, дар силсилаи ин вохӯриҳо малакаю маҳорати онҳоро боз ҳам такмил дод.
Дар бозии охирини худ футболбозони мамлакат бо дастаи мунтахаби Миянмар қувва санҷида, онро бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом доданд. Агар Эҳсони Панҷшанбе зарбаи пеналтиро дар дақиқаи 42-юм ба нишон мерасонид, он гоҳ мубориза барои ҷои дуюм пурзӯртар мегардид.
Ба ҳамин тартиб, футболбозони дастаи мунтахаби то 21-солаи Тоҷикистон аз 4 то 8 сентябр дар кишвари Чин бо дастаи мунтахаби Ӯзбекиситон (0:1) ва Чин (1:1) боз ду вохӯрии дигар анҷом дода, ба Тоҷикистон баргаштанд. Аҷиб он буд, ки дар вохӯрӣ бо мизбонони мусобиқа-дастаи мнутахаби Чин аз сабаби борони сахт дастаҳо ҳамагӣ 77 дақиқа бозӣ карданд ва он анҷомёфта ҳисобида шуд.
Бозии байналмилалӣ дар Чин
Даври 1
Ӯзбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21) – 1:0
Чин (U-21) – Мянма (U-21) – 1:0
Даври 2
Тоҷикистон (U-21) – Чин (U-21) – 1:1
Муаллифи гол аз дастаи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.
Мянма (U-21) – Ӯзбекистон (U-21) – 0:2
Даври 3
Тоҷикистон (U-21) – Мянма (U-21) – 0:0
Пеналтиро ба нишон нарасонд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 42 – дарвозабон.
Чин (U-21) – Ӯзбекистон (U-21) – 1:1
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | Ӯзбекистон (U-21) | 3 | 2 | 1 | 0 | 4-1 | 7 |
| 2 | Чин (U-21) | 3 | 1 | 2 | 0 | 3-2 | 5 |
| 3 | Тоҷикистон (U-21) | 3 | 0 | 2 | 1 | 1-2 | 2 |
| 4 | Мянма (U-21) | 3 | 0 | 1 | 2 | 0-3 | 1 |








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






