Дилшод Назаров дар мусобиқоти Ҷоми қитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 06.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти Ҷоми қитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup), ки 8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Островаи Ҷумҳурии Чех баргузор мегардад, иштирок мекунад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа ширкати 329 варзишгар аз 78 кишвар дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ намояндагӣ мекунад. Варзишгарон дар қувваозмоии дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр иштирок мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол мекунанд, соҳиби мукофоти пулӣ мегарданд. АБФВС ба ғолибони ҷои якум 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим хоҳад кард.
Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шудааст: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм — 20000, ҷои сеюм — 10000, ҷои чорум — 8000 доллари ИМА.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразилия медали тилло ва дар Полша медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Ӯ дар 18-умин Бозиҳои Осиё дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






