ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ! Дарси сулҳ ба дили толибилмон меҳри ватандориву ваҳдатро шӯълавар мегардонад
ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо медиҳад. Ҳамасола чун анъана дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз медоранд: «Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари Дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд».
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол занги аввал барои 240 ҳазор нафар хонандагони синфи як садо медиҳад. Бори аввал ин хурдтаракон қадамҳои нахустини худро ба ин даргоҳи илму маърифат гузошта, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назмия Қулматова изҳор дошт, «ҳамасола дар муассисаи онҳо Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имсол ба муассиса 130 нафар хонандагони синфи як қабул гардидаанд, ки занги аввал барои онҳо бори нахуст садо медиҳад. Дар ин рӯз ба ҳамаи омӯзгорон, хусусан роҳбарони синф супориш шудааст, ки дарси аввалро аз калимаи Сулҳ оғоз кунанд. Ба толибилмон аҳамияти сулҳ, нақши калидии он дар ҷаҳони муосир, мақому манзалати сулҳу субот барои халқи мо ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳоро фаҳмонанд», — зикр намуд Н.Қулматова.
Ба андешаи омӯзгори Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе Озодамоҳ Қодирова, «рӯзи аввали донишро аз Дарси сулҳ оғоз кардан ба он хотир аст, ки омӯзгорон ба толибилмони худ дар ин дарс оид ба волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта, ба ин васила аз рӯзи аввал ба дили онҳо меҳри ватандориву ваҳдатро шӯълавар мегардонанд.
Дарси сулҳ ин дарси ошноист, дарси омӯхтани муносибатҳои хубест, ки ҷавонони моро ба ҳадафҳои неки инсонӣ мерасонад. Сулҳ мафҳуми бузургест, ки ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат мебошад. Сулҳ таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист».

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯён ва толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор менамоянд. Имсол вохӯрии Сарвари давлат дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 870 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1 млн. 906 ҳазору 304 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. То охири соли 2018 дар назар аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ 148 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 487 ҷои нишаст ба истифода дода шавад.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






