АҲМАДИ ДОНИШ- СИТОРАИ ФУРӮЗОН ДАР ОСМОНИ ТИРАИ БУХОРОИ АМИРӢ. Ҳикоятҳои ӯ дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва Россияро тарғибу ташвиқ намудаанд

Сентябрь 26, 2018 09:47

ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ  чорабиниҳои зиёди сиёсию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ бо иштироки намояндагони Федератсияи Россия аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва баргузор мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ (1992) эътироф шудааст.

Ҳамкории судманд, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷониба, устувортар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, амиқтар сохтани ҳамкории сиёсию низомӣ ва низомӣ-техникӣ бо ин давлати дӯсту бародар умдатарин ҳадафи Тоҷикистон ҳаст ва хоҳад монд.

Ҳарчанд соли 2018 ба баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол ва ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия 26 сол пур шуда бошад ҳам, вале дӯстии ин ду халқ таърихи тӯлонӣ дорад. Яке аз мутафаккирони барҷастаи тоҷики асри  XIX, шоиру насрнавис, файласуфу маорифпарвар, муарриху сиёсатмадор, муҳандису меъмор, мунаҷҷиму ҷуғрофидону маъданшинос, сураткашу хаттот, ҷомеашиносу ҳуқуқшинос ва мусиқишиносу табиб Аҳмад Махдуми Дониш ҳанӯз соли 1857 аз номи давлати тоҷикон ба Россия ҳамчун котиби сафорат (элчӣ) сафарбар гардида буд.

Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, се сафари А. Дониш ба Россия дар ҷаҳонбинӣ ва фикру ақидаҳои ӯ таъсири калон гузошт. Зимни сафарҳои хеш ӯ бо илму маданият, тартиботи давлатдорӣ, баъзе воқеаҳои сиёсии Россияву Аврупо хубтар шинос шуд.

Мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори  илмҳои филология Шамсиддин Солеҳ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки назарҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш аз сафарҳояш ба Россия маншаъ мегиранд. Сафарҳои  ба Россия анҷомдода дар олами  андеша ва диди таҳлилию татбиқии  равшанфикрии созанда ислоҳталабии  Аҳмади Донишро  рӯи кор оварданд.  Дониш, ки дар муҳити феодалӣ тарбия ёфта, аз чор девори аморати Бухоро берун набаромада буд, ба хубӣ дарёфт, ки аморати Бухоро аз тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти иқтисодиву маданӣ ақиб мондааст ва аҳолии он дар ғафлат зиндагӣ ба сар мебаранд.

Пешрафти нисбат ба Бухоро ниҳоят фавқулодаи Россия – тараққиёти саноату техникаи ҳарбӣ, ҳунарҳои санъати меъморӣ ва ғайраро дида, Аҳмади Дониш боварӣ ҳосил кард, ки агар ба инсон илму маърифат дода шавад, ӯ қодир аст дар рӯи замин мӯъҷизаҳои ҳайратангез бунёд кунад.

Бино ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии маорифпарвари тоҷик ду асари Аҳмади Дониш- «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихӣ» махсусан аҳамияти калон доранд. Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар бораи тарбияи насли наврас, усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва  мадрасаҳо хеле муфассал таваққуф намудааст. Дониш ба асари «Наводир-ул-вақоеъ» тавсифи сафарҳои ба Россия кардаи худро низ дохил карда, дар бораи маданият ва илми пешқадами Россия,  тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакат маълумот ва нақлҳои хеле шавқангез овардааст.

Аҳмади Дониш ба ин восита шахсони пешқадам ва умуман мардуми Бухороро ташвиқу тарғиб намудааст, ки илмҳои дунявӣ ва санъату ҳунари инсониро, ки дар Россия хеле ривоҷ доранд, омӯзанд ва барои тараққиёти ҷамъият истифода баранд. Ҳикоятҳои Аҳмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешқадами Россия ҳусни таваҷҷуҳ бедор карданд ва дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва Россияро тарғиб ва ташвиқ намуданд.

-Асари дуюми машҳури Аҳмади Дониш, –мегӯяд Шамсиддин Солеҳ,- «Рисолаи таърихӣ» мебошад, ки афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоӣ ва ақидаҳои маорифпарварии ӯ дар он боз ҳам равшантар баён шудаанд. Ин рисола дар ҳамон шакле, ки ба мо расидааст, як қисми аввали асаре будааст, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо ҳамин қисм ҳам як асари мустақил аст ва шаклу мундариҷаи том дорад. Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имрӯз дар байни аҳли илм ва тадқиқотчиён бо чанд ном машҳур аст.

Ба таъкиди ҳамсуҳбат, бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гурӯҳ пайравон, равшанфикрон, маорифпарварони асри 19 ва ибтидои асри 20-и тоҷикро муттаҳид кунад.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, афкори сиёсию  иҷтимоии  Аҳмади  Дониш  аз он лиҳоз  муҳиму арзишманд  аст, ки он саршор  аз  дархостҳои  ислоҳталабию маърифатӣ  мебошад. Мероси пурбораш дар ташаккули ислоҳталабию маърифатгустарии   мардумони  Осиёи  Марказӣ   муассир аст ва он имрӯз ҳам бисёр  муҳим аст. Аввалин муҳаққиқе, ки  хориқаи таърихию  илмӣ,  адабӣ  ва фарҳангии осори  Аҳмади Донишро  эҳсос намуд, устод  Садриддин Айнӣ  мебошад.

Мероси гаронмояи аллома Аҳмади Донишро  устод Садриддин Айнӣ  чун аввалин пешоҳанги омӯзиши шахсияту осори нобиға дар навиштаҳои таърихию адабии хеш «Таърихи инқилоби фикрӣ  дар Бухоро», «Ёддоштҳо» ва амсоли ин  бисёр жарфназарона ба риштаи таҳлилу тафсир кашида, навиштааст: «Аҳмади Дониш ситораи фурӯзон дар осмони тираи Бухоро буд». Минбаъд  ин нуктаҳои  таҳлилии  устод С. Айниро донишмандони  таъриху фалсафа ва  адабиёт Е.Э.Бертелс, З.Ш. Раҷабов, С.Улуғзода, Х. Мирзозода А.Мирзоев, А. Баҳоваддинов, Р. Ҳодизода, Ғ. Ашӯров, М. Диноршоев, И.Муминов, С. Аҳмадӣ,  Ҳ.Алгор, Т. Атобакӣ  дар навиштаҳои хеш тақвият додаанд.

Устод С.Айнӣ оид ба баҳрабардории худ аз Аҳмади Дониш ва махсусан аз китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и ӯ менависад: «Ҷойҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷойҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам. Аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?…

Аммо, вақте ки ман он аҳволро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ, бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам, ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст… Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод».

Албатта, дар ин қазовати устод С.Айнӣ мо ҷунбишҳои фикрӣ, бедории мафкуравии аҳли қаламро ба ҳаёт ва ба рӯзгор мебинем. Яъне аз чунин тарзи муҳокимаронӣ пай бурдан мумкин аст, ки муносибати равшанфикрон нисбат ба рӯзгору зиндагӣ ва ба сохти давлатдорӣ дигар шудааст. Чунин бедории фикрӣ дар замони зиндагии Аҳмади Дониш зуҳур карда будааст. Минбаъд ҳам он доираи васеътарро фаро гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз ҷумла, дар интиҳои садаи XIX ва оғози асри ХХ як зумра аҳли қалами Осиёи Миёна дар осори адабии худ барои бедории фикрии омма хидматҳои бедареғ кардаанд.

«Осори илмӣ, таърихӣ, адабию бадеии насрӣ ва манзуми Аҳмади Дониш на танҳо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халқу давлат ва ҷамъият аҳамияти бунёдӣ дорад. Зеро осори ӯ бедории фикрӣ, ҷунбишҳои маънавиётсоз ва инқилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд. Барои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ заминаҳои асосӣ бунёд кард. Илми адабиётшиносӣ ва ҷомеашиносии тоҷик аз А. Дониш қарзҳои зиёд дорад. Яъне то имрӯз мо осори илмии А. Донишро омода накардаем. Он китобҳои А. Дониш, ки чоп шудаанд, нашрҳои оммавӣ ҳастанд. Дар заминаи ин нашрҳо ягон муҳаққиқ наметавонад кори илмӣ анҷом диҳад. Вазифаи имрӯзаи муҳаққиқон- ин таҳия кардани куллиёти илмӣ-интиқодии А. Дониш аст. Он таҳқиқоте, ки дар замони Шӯравӣ анҷом дода шудаанд, ба замони имрӯза мувофиқ нестанд. Имрӯз арзишҳо ва меросҳои маънавии мо комилан дигар ҳаст. Зарурат пеш омадааст, ки мо бояд тибқи ниёзҳои имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон осори А. Донишро пажӯҳиш кунем. Барои ин корро ба вуҷуд овардан бояд матни илмию интиқодии осори Дониш ба вуҷуд оварда шавад»,-хулоса кард мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори  илмҳои филология Шамсиддин Солеҳ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ба муносибати 190–умин солгарди зодрӯзи мутафаккир, нуҷумшинос ва маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш таҳти унвони «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»  конференсияи байналмилалӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоиши илмӣ аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар се китоби тозанашр марбут ба ҳаёт ва осори Аҳмади Дониш рӯнамоӣ гардиданд. Аз ҷумла, асари  ситорашиносӣ- тақвимии  аллома «Зиҷ», ки то имрӯз  омӯзишу пажӯҳиш  нашуда буд, бори аввал манзури  аҳли илм ва ҷомеа карда шуд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2018 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид