Фаъолияти 13 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкии вилояти Хатлон қатъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як зумра камбудиҳоро ошкор намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазорати мазкур вобаста ба иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ, инчунин дар асоси он таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ татбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд.
Ба иттилои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати пурзӯр намудани назорати фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стоматологӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Тайи ду рӯзи санҷиш, яъне 17-18 сентябри соли равон мутахассисони Сарраёсат фаъолияти 28 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дода, як зумра камбудиҳоро ошкор карданд.
Бино ба гуфтаи сардори сарраёсат Маҳмадҷон Абдурқодирзода, аз 28 муассисае, ки мавриди санҷиш қарор гирифтанд, фаъолияти 13 адади он бинобар сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан қатъ карда шуд. Ба истифодабарандагони муассисаҳои мазкур дастур дода шудааст, ки коргоҳҳои худро ба талаботи санитарию эпидемиологӣ мутобиқ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки чунин санҷишҳо мувофиқи нақшаи корӣ то 28 сентябр идома меёбанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






