ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВ». Таббохони моҳир миёни домоду арӯсон муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 8.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» гузаронида мешавад. Фестивали мазкур бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун ҳамаи хоҳишмандон, ошпазҳо ва соҳибкорон, новобаста аз намуди фаъолият метавонанд иштирок варзанд.
Барои иштирокчиёни беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим мешаванд.
Ҳамзамон ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» аз рӯи бахшҳои «Оши палави беҳтарин» – 5 000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), «Ошпази беҳтарин байни мӯйсафедон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни мардон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни занон» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни домодҳо» – 1000 сомонӣ, «Ошпази беҳтарин байни арӯсон» – 1000 сомонӣ, «Ошхӯри беҳтарин» – 2 000 сомонӣ, «Дастони моҳир» – 2000 сомонӣ ва «Ширавории миллии беҳтарин» – 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм), «Нишоллопази беҳтарин»- 3000 сомонӣ, «Парвардапази беҳтарин» – 3000 сомонӣ, «Ҳалвопази беҳтарин» – 3000 сомонӣ, «Наботпази беҳтарин» – 3000 сомонӣ мукофотпулиҳо супорида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






