ФУТБОЛ: «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад

Сентябрь 17, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Хуҷанд»-и Хуҷанд баъди бозии баргашти даври ¼ — ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки шоми дирӯз дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардид, ба даври ½-ниҳоӣ баромад.

Бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ғалабаи дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расида буд. Дар бозии баргашт “Барқчӣ” ташаббус нишон дода, тавассути тӯбҳои задаи Шарфҷон Солеҳов (30, 1:0) ва Тоҳир Малодӯстов (31, 2:0) натиҷаи умумиро дар силсилаи ду бозӣ баробар кард.

Ду қисми иловагӣ низ натиҷаи дилхоҳ надод ва довар барои муайян кардани ғолиб ба задани силсилазарбаҳои 11-метра рӯ овард. Дар натиҷа футболбозони соҳили Сир бо натиҷаи 4:2 ғалаба карда, ба даври бозиҳои ½-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва ҳамакнун ғолиби ҷуфти “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон”-ро интизор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҷуфти аввал дар бозиҳои ½-ниҳоӣ- “Истиқлол” ва дастаи лигаи якум-“Душанбе-83” муайян шудаанд.

Ҷоми Тоҷикистон

1/4 -ниҳоӣ. Бозии баргашт

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 0:2. Силсилаи зарбаҳои 11-метра – 4:2

ГолҳоШарафҷон Солеҳов, 30 (0:1). Тоҳир Малодӯстов, 31 (0:2).

Силсилаи зарбаҳои 11-метра: Манучеҳр Сафаров – 0:0 (сутуни дарвоза). Манучеҳр Ахмедов – 1:0. Абдулмӯмин Забиров – 1:0 (хато). Дмитрий Горбушин – 2:0. Шарафҷон Солеҳов – 2:1. Ҷаҳонгир Эргашев – 3:1. Ҳувайдои Гулмурод – 3:2. Соҳибҷон Ҳакимов – 4:2.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Ҳасан Рустамов (Манучеҳр Ахмедов, 62), Хуршед Бекназаров, Соҳибҷон Ҳакимов, Дмитрий Бондар, Бахтиёр Чориев, Обидҷон Ҳакимов (Дмитрий Горбушин, 77), Мехроҷ Шарифзода (Вусал Магеррамов, 91), Дилшодҷон Каримов, Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 54), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Шохрух Қирғизбоев, Султоншо Мирзоев, Зиёвуддин Фузайлов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Ҳувайдои Гулмурод, 120), Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 82), Абдулмӯмин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Тоҳир Малодӯстов (Нуриддин Ҳамроқулов, 62).

ОгоҳӣХуршед Бекназаров, Обидҷон Ҳакимов, Сохибҷон Ҳакимов («Хуҷанд»), Оятулло Сафаров, Шоҳрух Қирғизбоев («Баркчӣ»).

Бозингари беҳтаринШоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»).

Довар дар майдонХусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири доваронАбдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

16 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.

Бозии аввал – 2:0.

 

 

Сентябрь 17, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад