ХАЛҚИ ТОҶИК АЗ ҚАДИМ КИТОБДӮСТ БУД ВА БА ОН АРҶ МЕГУЗОШТ! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст

Сентябрь 4, 2018 16:03

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мешавад. Маҳз ёздаҳ сол муқаддам дар ин рӯзи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ зимни гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4 сентябрро дар мамлакат Рӯзи китоб эълон намуданд.

Пешвои миллат зимни ифтитоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 20 марти соли 2012 бо итминон зикр намуданд: «Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд».

Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ гуфтанд, ки халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт.

Бояд гуфт, ки дар 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари оқилу дурандеши давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.

Бунёди бузаргтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба пойтахти зебои мамлакат- шаҳри Душанбе ҳусни нав зам намудааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву озмоишгоҳҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонист, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.


Илова бар ин, дар китобхона толорҳои хониши электронӣ мавҷуданд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳазанд ва бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робита доранд. Ҳамарӯза дӯстдорони китоб ба ин махзани илму дониш ташриф оварда, дар утоқҳои китоб, матбуоти даврӣ, компютерии ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайвастбуда ва ғ. мутолиа мекунанд.

Имрӯз ин макони дониш итминони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сазовор гардида, дар оянда низ ба гуфтаи он кас  «ба мардуми маърифатпарвари мо хизмати шоиста хоҳад кард».

Саҳни ин бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистонро нимпайкараҳои даҳҳо фарзандони бузурги миллат, ки дар масири таърих парчами озодиву истиқлол, донишу маърифат ва адабиёту фарҳангро баланд афрохтаанд, шукӯҳу шаҳомати хосса бахшидаанд.

Гузаштагони мо китобро манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақлу хирад, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, оинаи ҳаёти башар, калиди ҳама муваффақиятҳо ва бештар аз ҳама, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ номидаанд.

Ин гуфтаҳо нишони он аст, ки халқи соҳибтамаддун ва миллати бофарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба китоб таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуд ва ин омил то абад боқӣ хоҳад монд.

Инсон маҳз тавассути китоб метавонад бо адабиёту фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин ё он мамлакат ва ё халқият шинос гардад.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат, забон ва санъат рост меояд. Зеро маҳз баъди пайдо шудани хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахт, устухон ва пӯсти ҳайвонот нақш офаридаву нависанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, бо гузашти вақт, рушди илму техника ва пас аз ихтирои коғаз низоми нави китобдорӣ ба миён омад. Ҳамин тариқ, таърихшиносон аввалин дастнависҳоро, ки дар Мисри Қадим пайдо шуданд, ба ҳазораи то мелод марбут медонанд.

«Дар пойтахти давлати Сомониён бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи он даврон бо номи «Сивон-ул-ҳикма» бунёд гашт, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт»,- зикр карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар идома илова намуданд: «Абӯалӣ ибни Сино дар овони ҷавонӣ аз ин китобхона истифода намуда, баъдҳо ба хотир овардааст, ки китобҳои нодири дар ин ҷо дидааш тамоми умр дар ҳеҷ кишваре ба назараш нарасидаанд».

Ин гуфта нишони он аст, ки миллати тоҷик ҳазорҳо сол қабл ба китоб арҷ мегузошт ва ҳамеша онро мутолиа мекард.

Гузаштагони таъриху адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар шахсиятҳои шинохта китобро асос ва пояи давлатдорӣ номидаанд.

Нақши бузурги китоб дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоии халқи тоҷик хеле назаррас ва фаромӯшнопазир аст, ки мисоли раднопазири ин гуфта асари безаволи устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад.

Ба гуфтаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, «дар он давраи ҳассос ва қисматсоз устод Айнӣ соли 1926 дар кӯтоҳтарин муддат китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба майдон овард, даъвоҳои ғаразноки нотавонбинонро фош сохт, ҳуқуқи маънавии халқи тоҷикро ба таърихи куҳан, забон ва адабиёти оламшумулаш исбот ва таъмин намуд».

Тадбирҳои дигаре, ки дар самти фаъолияти китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуданд, мавриди зикри хос мебошанд. Маҳз барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ — «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»-ро қабул ва амалӣ намуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд, ки хонандагон ҳамарӯза ба он ҷо ташриф оварда, аз адабиёти зарурӣ истифода мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки 11 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар масъалаҳо ба мавзӯи китоб низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, оид ба эълон намудани соли 2019 — Соли китоб сухан карда шуд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки соли 2019 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷаҳонии китоб дар миқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО дониста шавад.

Ин иқдом баҳри бештар гардидани таваҷҷуҳи мардум ва рӯ овардани ҷавонону наврасон ба китоб хеле хуб арзёбӣ мегардад, зеро миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз ба китобу китобдорӣ шавқу рағбати хеле зиёд дорад.

Ғайр аз ин солҳои охир давлатҳои хориҷӣ бо нишони эҳтиром ва эътирофи миллати тоҷик, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳми шоиста гузоштааст, китобҳои Роҳбари давлати онро бо забонҳои мухталифи хориҷӣ нашр мекунанд.

Барои мисол ду сол пеш, моҳи майи соли 2016 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар давлати Кувайт бо забони арабӣ тарҷума карда шуд, ки дар маросими рӯнамоии он Сарвари давлат шахсан иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд: «Тавре дар муқаддимаи китоб зикр шудааст, тоҷикон яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, собиқаи беназири тамаддунсозӣ ва анъанаву таҷрибаи ғании давлатдории онҳо мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши амиқи олимону муҳаққиқони ҷаҳон қарор гирифтааст.  Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар даврае таълиф шуд, ки мардуми тоҷик аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба эҳёи анъанаву таҷрибаи таърихӣ ба хотири бунёди давлати миллӣ ниёз доштанд, то бо мадади рӯҳи ниёгони бузург барои наслҳои худ фардои дурахшонро   фароҳам созанд».

Хулоса, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавӣ гирифтану дар зиндагӣ соҳиби тахайюлоти бою рангин гардидан аз имкон берун мебошад. Дар байни халқи тоҷик таъбирҳои зиёде дар ин бора мавҷуданд, ки яке аз беҳтарини онҳо «Ганҷ магир – китоб гир» мебошад. Ин ба он хотир аст, ки ганҷ масраф гашта, ба итмом мерасад, вале китоб чун «Дӯсти вафодор» то абад боқӣ мемонад.

Шаҳло ОДИНАЕВА,
омӯзгори МТМУ № 56 — ш. Душанбе

Сентябрь 4, 2018 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид