Хонандагони деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолият соҳиби бинои нави таълимӣ гардиданд

Сентябрь 7, 2018 09:33

ХОРУҒ, 7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ноҳияи Дарвоз, ки  чанд соли охир дар бинои садамавӣ мехонданд, акнун таҳсилро дар  бинои хуштарҳу зебо ва замонавӣ идома медиҳанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар”  Файз МИРАСАН иттилоъ дод.

Ба гуфтаи директори мактаби мазкур Муҳаммадӣ Зарипов, «бинои кӯҳнаро беш аз 40 сол пеш бо усули ҳашар сохта буданд. Солҳои охир дару девор ва бому шифти он комилан хароб гардида буд. Дар ин бино шароит барои гузаронидани дарсҳои асосӣ ва иловагӣ мавҷуд набуд. Бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мо соҳиби бинои нав гардидем».

Хишти аввали бинои мазкур моҳи апрели соли равон гузошта шуда буд. Барои бунёди он Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ноқилсохтмон» дар муддати бештар аз панҷ моҳ сохтмони биноро бо сифати хуб ба анҷом расониданд. Бинои нав барои таҳсили 120 хонанда пешбинӣ шуда, синфхонаҳо бо асбобу ашёи зарурии таълимӣ,  аз ҷумла 25 компютер  таъмин карда шуданд.

Ҳамаи синфхонаҳо дар фасли зимистон бо низоми нави гармидиҳӣ тавассути неруи барқ  гарм карда мешаванд. Дар сурати қатъ гардидани  неруи барқ ба синфхонаҳо гармӣ тавассути   ангиштсанг интиқол дода мешавад.

 

Сентябрь 7, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд