Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

Сентябрь 11, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудаанд.

Бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ дар масоҳати зиёда аз 909 метри мураббаъ бунёд шуда, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар  мебошад.

Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд. Сипас дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи фарҳанг аз авлавиятҳо  дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат  қарор дода шудааст.

Бояд таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъ фароҳам меоварад.

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ 11.09.2018

Сентябрь 11, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд