Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

Сентябрь 11, 2018 10:08

ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хосса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буданд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудаанд.

Дар бинои нав ҳамчунин ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳои худ манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ 11.09.2018

Сентябрь 11, 2018 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд