Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб
ДУШАНБЕ, 13.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” ташкил карда шуда, ошёнаи дуюм аз утоқҳои корӣ иборат аст. Дар қабати сеюми бино меҳмонхона бо шароити муосири хизматрасонӣ ташкил карда шудааст. Тавре таъкид гардид, Осорхонаи гӯсфанди “Марко Поло” дар вилоят назир надошта, ҳадафи ташкили он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодири Тоҷикистон мебошад.
Дар саҳни иншоот ва атрофи бинои мазкур дарахтони мувофиқ ба иқлими ин минтақа шинонида шудааст. Иншоот мутобиқ ба талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, он зебогии маркази ноҳияро дучанд месозад.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






