Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.
Зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба кори муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахт заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд доданд.
Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ гардида, ба як макони истироҳату фароғат ва дилфиреби пойтахт табдил дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст.
Иншооти варзишии бунёдгардида дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон дар ин ҷо ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ аз ду даромадгоҳ – даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маҷмаи мазкур дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки аз ин пас ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва, дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт.
Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо мебошад. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд.
Дар идомаи ин маҷмаа ҳамчунин дигар намуди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ, аз қабили роллердром, скейтбозӣ, толори яхмолакбозӣ мавҷуданд, ки намудҳои муосири варзишу бозиҳои муфид мебошанд.
Дар боғ ҳамчунин корҳои ободониву гулзоркунӣ низ анҷом дода шудаанд. То имрӯз майдони 17 гектар майсазор гардида, дар маҷмӯъ беш аз 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ шинонида шудаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.
Пешвои миллат ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ диққати махсус зоҳир намуда, ба масъулин дастур доданд, ки дар ободии бештар ва хуррам гардонидани боғ талош ба харҷ дода, ин мавзеъро ҳамешасабз нигоҳ доранд.
Барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи ин боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавонӣ насб карда шуда, ду адад таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ барои истироҳаткунандагон сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар давоми наздик ба 2 соли охир боз ҳам зебо гардидани симои зоҳирии пойтахт, беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ гардида, инфрасохтори боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маконҳои сайру саёҳати шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардонида шуданд.
Дар ин муддат дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони пойтахт аз ин шароити муҳаёкардашуда ба таври васеъ истифода мебаранд.
Пешвои миллат ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.









ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






