ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ: ҷовидонии шеъри Устод ва дархӯри ҳамаи замонҳо будани он дар ҳикмат ва панди осори ӯст

Сентябрь 22, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 22. 09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо, суҳбату ҳамоиш ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадбирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

Осори бебаҳои устод Рӯдакӣ зиёда аз ҳазор сол аст, ки вирди забонҳост, вале то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Чаро? Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «шеъри Рӯдакӣ ва дархӯри ҳамаи давру замон будани он дар фалсафаи ҷовидонии он, ҳикмату панд, мавзӯву мундариҷаи гуногун, маъниҳои баланд, вале содаву равон, санъати волои суханварӣ, ки маъруф ба «саҳли мумтанеъ» аст, нуҳуфтааст. Инсони имрӯз аз нигоштаҳои беш аз ҳазорсолаи Одамушшуаро дармоне ба дардҳои хеш меёбад ва барои зиндагии шоиставу обод дастури беҳтарин касб менамояд».

Саидумрон Саидов зикр кард, ки дар тӯли асрҳои баъдӣ ба дунёи адабиёт садҳо суханварон ворид шуданд, ки аз бештари онҳо ёде боқӣ намонда ва ё шеърашон дар дили мардум ҷой нагирифтааст. Вале Рӯдакӣ ва шеъри ӯ дар ҷаҳони муосир низ мақомеро сазовор аст, ки он дархӯри дарди замон мебошад. Ҷовидонии ном ва шеъри ӯро муҳаққиқон дар суханвари ҳирфаӣ будани ӯ медонанд, ки тамоми хасоиси шоириро фаро гирифта буд. Бузургии ин абармарди майдони адабро метавон аз оинаи ашъораш бозҷӯӣ кард ва далоили ҷовидонии сухани ӯро дарёфт.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, муҳимтарин матлаб ин аст, ки шеъри Рӯдакӣ гузашта аз равониву содагӣ ва дар пояи баланди эҷод қарор доштанаш, матлабу фалсафаи мавзӯву мундариҷаи он дархӯри ормонҳои инсоният дар ҳамаи давру замон мебошад. Инсони замони муосир аз шеъри устод Рӯдакӣ дар баробари бардошти маънавиву эстетикӣ матлабҳоеро дармеёбад, ки он раҳнамои зиндагии ӯ хоҳад буд. Чунончи инсони муосир мехоҳад хушбахт бошад ва иқбол ӯро дар зиндагӣ раҳнамоӣ кунад ва аз абёти зерини Рӯдакӣ метавонад дастури молик будан ба саодати рӯзгорро дарёбад:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад

Ҳар онки эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Хислатҳои  марбута, чун тандурустӣ, хушхӯӣ, хушномӣ ва хирадмандӣ дар ҳамаи давру замон аз ҷониби кулли қавму миллатҳо ба хушӣ пазируфта мешаванд ва  ин дастури шоир барои ҷаҳониён аст, то хушбахт зиндагӣ намоянд. Бемуҳобо дар сурати дорои ин хислатҳо будани инсоният ин ҷаҳон чӣ қадар орому осуда, орӣ аз ҷангу ҷидол, таҳқиру таҳдид ва ваҳму ҳарос умр ба сар мебурд.

Дар фалсафаи шеъри Рӯдакӣ дарди ҷовидонаи ҷаҳон инъикос ёфтааст. Тафаккуру андешаи шоир ва завқи баланди ӯ ҷаҳони нобасомони муосирро ифода менамояд. Чунончи ҷаҳонро гоҳ модар ва гоҳи дигар модарандар мешуморад:

Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо бачагон,

Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модарандаро!

На подир бояд туро, на сутун,

На девори хишту на з-оҳан даро.

Ҷовидонии шеъри устод Рӯдакӣ ва дархӯри ҳамаи замонҳо будани он дар ҳикмат ва панди осори ӯст. Ҳикмати шеъри шоир аз таҷрибаи рӯзгор сарчашма мегирад  ва ин нуктаро худи суханвар тазаккур медиҳад ва инсонро талқин мекунад, ки ҳушёр бошад:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ё ҷои дигар дар мавриди ҳикмати ҳаёт ва омӯзишу зиндагонӣ чунин меорад:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун нигарӣ сар ба сар ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон, гуфт: ғам махӯр зинҳор,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

«Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳои худ он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати таърихӣ ба анҷом расонидааст. Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ, муаллифи «Тазкират-ул-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: «Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд. Ва  қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем»,-хулоса намуд устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов.

Бояд зикр намуд, ки сарчашмаҳои адабиву таърихӣ миқдори абёти Рӯдакиро «…Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор…» гуфтаанд, вале мутаассифона, бо сабабҳои ҳаводиси рӯз он то замони мо бо теъдоди зиёда аз ҳазор байт расидааст. Мутолиаи ин осори боқимонда аз он шаҳодат медиҳад, ки устод Рӯдакӣ дар тамоми анвои шеърӣ нобиғаи замон ва нодираи даврон будааст.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид