ИНТИХОБИ ҶОДАИ ИЛМ-РОҲ БА СӮИ ШАЪНУ ШАРАФ. Маросими хатми ботантанаи адъюнктони тоҷик дар шаҳри Москва
ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Шарафи Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Россия ба номи В.Я. Кикоти шаҳри Москва маросими хатми тантанавии адъюнктони (аспирантони мактаби олии ҳарбӣ) факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд, баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими супоридани дипломҳо сардори Донишгоҳ, генерал-полковники политсия Игор Калиниченко, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур кормандони Академияи ВКД ҶТ – омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, капитани милитсия Наврӯз Валиев ва Сайфуддин Исмонзода ҳамчун хатмкунандагони адъюнктураи Донишгоҳ иштирок намуданд.
Сардори Донишгоҳ И. Калиниченко иброз намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатм намудани адъюнктура – ин маънои хотима не, балки давом ва оғози роҳ ба сӯи илм, ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарин интизор аст- ҳимояи диссертатсияҳои номзадии илми ҳуқуқ. Сардори Донишгоҳ боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно намуд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






