ҲИСОР: 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҷазо гирифтанд
ҲИСОР, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Ҳисор 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ҷазо гирифтанд.
Дар ин бора мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор Баҳром Игамов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Соли равон аз тарафи мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор бинобар сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбат ба онҳо ба маблағи 4200 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Ҳамчунин фаъолияти ду сартарошхона муваққатан боздошта шуд.
Дар ин давра вайронкунии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат зиёд гардидааст.
Тавре иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир ба бемасъулиятии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон изҳори ташвиш карданд.
Дар ин робита сартабиби Беморхонаи минтақавии Меҳргони шаҳри Ҳисор Абдуҳалим Самадов иброз дошт, ки сарчашмаи гирифторшавии шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ- ин риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҳаёти имрӯза аз тарафи сокинон ва кормандони касбу кори гуногун мебошад.
Табибон, ки роҳнамо ва таъминкунандаи амнияти саломатии шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд, бояд аввал худашон қоидаҳои санитарию тозагии беморхонаҳоро риоя кунанд. Онҳо бояд ба савганди тиббии худ содиқ монда, сабаби ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мардум нагарданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






