Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дод

Сентябрь 5, 2018 11:02

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 27 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаҳои Бадахшони ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, компютерӣ, забономӯзӣ, китобхонаи электронӣ ва сартарошхона ифтитоҳ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Дар расми ифтитоҳи марказ намояндагони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолон ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.

Меҳмонон аввал аз коргоҳи дуторсозӣ, кулолгарӣ ва намоиши  дастовардҳои кумитаҳову ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур, осори Пешвои миллат, шаҳраки сайёҳӣ, коргоҳи дастӣ, ҳунарҳои миллӣ, либосҳои тоҷикӣ, инфрасохтор ва лоиҳаҳои нави иншооти муосир, тарҳи нави меҳмонхонаҳо, дастовардҳои илмӣ, инчунин маҳсулоти қаннодиву полезӣ ва мевагӣ боздид намуданд.

Сипас Маркази омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, компютерӣ, забономӯзӣ, китобхонаи электронӣ ва сартарошхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки дар ин ҷо дар як баст 18 нафар ва дар ду баст 36 нафар духтарону бонувон аз маҳаллаҳои Бадахшон -1 ва Бадахшон -2 ба шуғли доимӣ ва дар маркази омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати компютерию забономӯзӣ  дар ду баст зиёда аз 32 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон дар коргоҳи мазкур курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ба роҳ монда шудаанд, ки баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб гаштани бонувони маҳалла мусоидат хоҳанд кард.

Китобхонаи марказ  дорои 1057 китоб буда, ҳамарӯза то соати 20:00 фаъолият менамояд. Инчунин китобхона дорои зиёда аз 1000 нусха  китоби электронӣ мебошад, ки ояндаи наздик ин шумора 10 маротиба зиёд карда мешавад.

Дар ин рӯз аз ҷониби Кумита ба 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди  маҳалла либос ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Тавре масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иброз доштанд, онҳо оянда мақсад доранд, ки баҳри боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони маҳаллаҳои мазкур ба коргоҳи дӯзандагӣ технологияҳои муосири қолинбофӣ, атласбофӣ ва зардӯзӣ ворид намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар тақвияти иқдомҳои созандаи шаҳрдории Душанбе аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҳи дохили маҳаллаи Бадахшон бо фарогирии 138 м2 асфалтпӯш ва девори кӯчаҳои дохили маҳалла рангубор карда шуданд.

Сентябрь 5, 2018 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд