Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд, озмуни мазкур бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон баргузор мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардида, марҳилаи ниҳоии он аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ва шаҳр, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, ба унвони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи мазкур пешниҳод намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






